Вируси короно: Дар ҷаҳон миллионҳо нафар дар гирдоби маҳдудиятҳои омадурафт мондаанд

Сирояти саросарии короновирус дар ҳаёти мардуми Аврупо нақш мегузорад. Дар Италия, Испания ва Фаронса зарфи як шабонарӯзи гузашта шумори сироятёфтагон ва фавтидагон афзуд. Дар 24 соати гузашта дар Италия бар асари ин беморӣ 368 нафар фавтиданд ва шумори умумии куштагони ин вирус дар ин кишвар ба 1809 нафар расид. Испания аз ҳалокат 97 нафар ва Фаронса аз 29 нафар хабар доданд.

ОХИРИН АХБОРИ КОРОНО. Вазъи изтирорӣ дар Амрико. Таъхири яксолаи интихоботи шӯроҳо ва шаҳрдориҳо дар Британия

Британия Кабир ба хотири пешгирӣ аз густариши сироят ба вируси короно интихоботи шӯроҳо ва шаҳрдориҳоро ба муддати як сол ба таъхир андохт. Қарор буд ин интихобот дар муҳлати камтар аз ду моҳ баргузор шавад. Дар ҳамин ҳол баъзе аз сокинони ин кишвар мегӯянд давлат ба муқобили густариши короно иқдомоти кофӣ накардааст.
Доналд Тромп
– президенти ИМА барои муқовимат ба

Ҳалокати як нафар ва захмӣ шудани 11 нафар дар бархӯрди мошин ба қатор дар Қирғизистон. Шарҳи расмӣ

Бар асари бархӯрди мошин ба як қатор дар қаламрави Қирғизистон 11 шаҳрванди Тоҷикистон бо захмҳои гуногун бистарӣ шуда ва як шаҳрванди Қирғизистон ҳалок шудааст. Ин ҳодиса шаби 13-уми марти соли равон рух додааст. Шарҳи расмӣ чунин аст:

Тибқи маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қирғизистон рӯзи 13 марти соли 2020 соати 19:03 дақиқа дар

USAID ба Тоҷикистон лавозимоти пешгирӣ аз кроновирус кӯмак кард

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар доираи барномаи USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти  муҳофизати шахсӣ тақдим гардид, ки дар маросими супоридани он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии

Рӯзҳои низофат дар вилояти Хатлон. Ширкати фаъолонаи кормандони Кумита

Баҳор омад. Боронҳои баҳорӣ ҳам ба оҳистагӣ шуруъ мешаванд. Ҳаво гоҳ офтобист ва гоҳи дигар тираву боронист. Дар доманакӯҳҳо ҳамоно борон ба барфи тар табдил мешавад. Вале ин барф ҳам даргузар аст. Ҷойи онро боронҳои шадид мегиранд. Аз ин рӯ, лозим аст аз имрӯз омодагиҳо ба ин боронҳои селосо оғоз гарданд.

Рӯзҳои 10-12 марти соли равон дар вилояти Хатлон бо амри

Страницы