Ҳалокати як нафар ва захмӣ шудани 11 нафар дар бархӯрди мошин ба қатор дар Қирғизистон. Шарҳи расмӣ

Бар асари бархӯрди мошин ба як қатор дар қаламрави Қирғизистон 11 шаҳрванди Тоҷикистон бо захмҳои гуногун бистарӣ шуда ва як шаҳрванди Қирғизистон ҳалок шудааст. Ин ҳодиса шаби 13-уми марти соли равон рух додааст. Шарҳи расмӣ чунин аст:

Тибқи маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қирғизистон рӯзи 13 марти соли 2020 соати 19:03 дақиқа дар наздикии деҳаи Ак-Торпок, қатораи мусофирбарии Бишкек-Кара-Балта бо сабабҳои номаълум ба автомашинаи мусофиркашии тамғаи Мерседес-Бенс Спринтер рақами давлатиаш г/н 01KG611ADF бархӯрдааст. Дар натиҷа 13 нафар мусофирони мошини ёдшуда ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхонаи марказии ноҳиявии Московскии Ҷумҳурии Қирғизистон бистарӣ шуданд. Ҳоли яке аз ин 11 нафар вазнин гузориш шудааст.

Аз инҳо 11 нафарашон истиқоматкунандагони ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Манбаъи ёдшуда исми шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ин тартиб овардааст:

Жээнбекова Саодат Ормоновна соли таваллуд 1954,

Жээнбеков Абдикайим Муродович соли таваллуд 1962 (ронанда),

Файзидинов Абдаҳит соли таваллуд 1982,

Жээнбеков Шомансур Абдикайимович соли таваллуд 1989 (дар вазнинхонаи бемористони зикршуда),

Файзидинов Абдижапар Аҳмединович соли таваллуд 1992,

Фақиров Муҳиддин Салмонович соли таваллуд 1992,

Азимқулов Мухтасар Зайнидинович соли таваллуд 1994,

Файзидинов Даниэл Ҷаъфарович соли таваллуд 2018,

Файзидинова Амина Ҷаъфаровна соли таваллуд 2017,

Салмонов Абубакр Муҳидинович соли таваллуд 2019,

Фақиров Абдураззоқ Муҳидинович соли таваллуд 2017

Маврид ба ёдоварист, ки ҳангоми интиқоли ҷабрдидагон ба беморхона марказии ноҳиявии Московскии Ҷумҳурии Қирғизистон, 1 нафар зан истиқоматкунандаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар роҳ фавтидааст.
Аммо хабаргузории 24.kg/ аз ҳалокати як нафар ва бистарӣ шудани 12 нафар иттило додааст.

барчасп: