Баҳор омад. Боронҳои баҳорӣ ҳам ба оҳистагӣ шуруъ мешаванд. Ҳаво гоҳ офтобист ва гоҳи дигар тираву боронист. Дар доманакӯҳҳо ҳамоно борон ба барфи тар табдил мешавад. Вале ин барф ҳам даргузар аст. Ҷойи онро боронҳои шадид мегиранд. Аз ин рӯ, лозим аст аз имрӯз омодагиҳо ба ин боронҳои селосо оғоз гарданд.
Рӯзҳои 10-12 марти соли равон дар вилояти Хатлон бо амри раиси ин вилоятдар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо рӯзҳои покиву низофат гузаштанд. Дар ин рӯз сокинон ба ҳашар даъват шуданд, то дар ободонӣ ва поксозии маҳалҳои худ ширкати фаъолона дошта бошанд.
Дар ин рӯзҳо корҳои зиёде аз қабили соҳилбандӣ, тоза намудани ҷӯву каналҳо, селроҳаҳо, сойҳо, ҷӯю заҳбурҳо ва заҳкашҳо анҷом гирифтанд.
Тибқи маълумотҳои пешакӣ 39625 метр заҳбуру заҳкашҳо, каналҳо, ҷуйборҳо тоза карда шуданд. Дар масофаи 750 метр симтурҳо хобонда шуданд,239 мошин рег кашиданд, то селроҳаҳои кандаро банданд, корҳои соҳилбандиро ба роҳ монанд. 5550 метр роҳро сангфарш ва ё аз ҳар ифлосиҳо тоза карданд. Дамбаҳоро аз назар гузарониданд ва ҷойе агар лозим буд, таъмир карданд.
Бино ба маълумоти расида дар ин ҳама тадорукҳо 2880 нафар коргарон, 7510 нафар аҳолӣ ва 181 адад нақлиётҳои махсус ҷалбкардашудаанд.
Кормандони бахши вилоятии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳама чорабиниҳо иштироки фаъолона ширкат карданд.