Британия Кабир ба хотири пешгирӣ аз густариши сироят ба вируси короно интихоботи шӯроҳо ва шаҳрдориҳоро ба муддати як сол ба таъхир андохт. Қарор буд ин интихобот дар муҳлати камтар аз ду моҳ баргузор шавад. Дар ҳамин ҳол баъзе аз сокинони ин кишвар мегӯянд давлат ба муқобили густариши короно иқдомоти кофӣ накардааст.
Доналд Тромп – президенти ИМА барои муқовимат ба сирояти короно дар кишвараш вазъияти изтирорӣ эълом кард. Дар марҳилаи аввали мубориза бо ин вируси марговар давлати Амрико 50 миллиард долларро масраф хоҳад намуд. То кунун аз сирояти бештар аз ҳазор нафар ба ин вирус дар Амрико хабар дода шудааст ва гуфта шудааст, ки бештар аз 60 нафар ҳам бар асари он фавтиданд.
Пас аз он ки ба вируси короно сироят шудани дастёри президенти Бразилия ошкор гардид, Доналд Тромп-президенти Амрико эълом кард, ки вай ниёз ба карантин надорад. Мақомот мегӯянд пеш аз эълони сирояти дастёри президенти Бразилия Доналт Тромп бо вай дар мақари худ воқеъ дар Флорида дидор карда буд. Президенти ИМА рӯзи ҷумъа дар суҳбат ба хабарнигорон, ки аз ӯ иллати тест надоданашро пурсиданд, посух дод: “Дар мо ҳеч аломате аз ин вирус дида намешавад”. Аммо дар поёни нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ба ҳар ҳол вай розист, ки аз ӯ дар мавриди короно тест гиранд, вале худро карантин нахоҳад кард.
Ва хабарҳои дигар:
Давлати Арабистони Саудӣ хабар дод, ки аз фардо, якшанбе, 15-уми март тамоми парвозҳои байналмилалиро барои ду ҳафта манъ мекунад. Хабаргузории Рейтер истинодан ба манбаъҳои давлатии Арабистон навишт, ки тибқи ин қарор танҳо шаҳрвандони ин кишвар, ки хориҷ аз мамлакат мебошанд, метавонанд баргарданд. То кунун дар Арабистон 76 ҳодисаи сироят ба короно ба қайд гирифта шудааст. Ин кишвар пештар ҳаҷи умраи имсоларо барои кулли мусалмонон лағв карда буд.
Сарвазири Зелландияи Нав эълон кард, ки аз фардо ҳар нафаре, ки аз хориҷ вориди ин кишвар мешавад, бояд ҳатман 14 рӯзро дар карантин гузаронад. Ин муқаррарот ҳам шомили шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳам дохилист, ки аз сафарҳои хориҷӣ ба ватан меоянд. Дар Зеландияи Нав ҳоло шаш нафарро чун сироятшуда ба короно сабти ном кардаанд.
Колумбия-кишваре дар Амрикои Ҷанубӣ гуфтааст, ки марзашро бо Бразилия мебандад ва вуруди хориҷиён аз Осиё ва Аврупоро ду ҳафта манъ мекунад.
Дар Аврупо аксари кишварҳо гуфтаанд, ки марзҳояшонро куллан ба рӯи хориҷиён мебанданд.
Давлати Чех кулли мағозаҳо, тарабхонаҳо, ошхонаҳоро баст.
Маҷористон дастури таътил дар мактабҳоро содир намуд.
Фармони вуруди шаҳрвандони аврупоӣ ба Амрико аз имрӯз эътибор пайдо кард.
Дар Австралия беш аз 3 ҳазор нафар ба короно сироят шуда ва 3 нафар ҷон додаанд.
Кореяи Ҷанубӣ боз аз боло рафтани мубталоён ба короно хабар дод. Гуфта мешавад, ки рӯзи гузашта дар ин кишвар 204 сироятшудаи навро ба қайд гирифтаанд.