Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар доираи барномаи USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ тақдим гардид, ки дар маросими супоридани он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Перфилева, намояндаи барномаи USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Вазорати тандурустӣ дар сомонаи худ навишт, ки маводи тақдимшуда, аз ҷумла ниқобҳо, дастпӯшакҳо ва хилъатҳо барои кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати фаъолият дар пешгирии сирояти коронавирус хеле муҳим мебошанд.
Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, хусусан ба барномаи USAID, ки яке аз шарикони стратегии вазорат дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад, миннатдорӣ баён намуд.
Ин вазорат мегӯяд, то имрӯз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон нишонаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикитон ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона намуда истодаанд.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати харидории сару либоси муҳофизии инфиродӣ ва дигар таҷҳизотҳои тиббӣ маблағҳои муайян ҷудо мешавад.
Ҳамзамон гуфта шудааст, ки то 12 марти соли равон 1594 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Эрон, Афғонистон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Италия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, ба карантин фаро гирифта шуда, аз ин шумора 1237 нафарашон ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд. Дар айни замон 357 нафари онҳо дар карантин қарор доранд.