Лағзиши тарма дар роҳҳои Ванҷ ва Варзоб. Талафоте нест, касе зарар надидааст. Роҳҳо бозанд
Чоп шуд: 28/12/2020 | redaktor
Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар километри 417 ва километри 64 ноҳияи Варзоб лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Ҳеч касе зарар надидааст. Барои рафъи паёмадҳои лағзиши тарма ва поксозии роҳҳо Хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт ва ширкати «IRS» техникаи махсус ҷудо карданд ва ҳоло роҳҳо аз ду ҷониб бозанд.