Наҷоти духтари 20-солае, ки даст ба худкушӣ зада буд

23 марти соли 2021 соати 20:54 бо вақти маҳаллӣ лейтенантҳои калони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Абдулвоҳид ва Тауров Меҳроб ҳангоми хидмати патрулӣ дар қаламраи кӯли “Ҷавонон” – шаҳри Душанбе аз навбатдори ШКВД-и ноияи Сино-2 пойтахт хабар гирифтанд, ки зане худро ба дарёи Душанбе ғарқ кардааст. Маҳалли ҳодиса ба маҳалли навбатдории ин ду тан наздик буд.

Афсарони КҲФ фавран худро ба ёрии шахси ғарқшуда расонданд. Ба онҳо уяссар шуд, ки сокини 20-солаи пойтахти кишварро, ки даст ба амали худкушӣ зада буд, наҷот диҳанд.

Ӯ бо захмҳо ва зарбу латҳои зиёди сагу реги дарё ба бемористон интиқол дода шуд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ба чунин иқдоми кушанда даст задани ӯро муайян меунанд.

Маврид ба ёдоварист, ки кормандони бахши наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза дар талоши наҷоти ҷони инсонҳоянд ва ҳолатҳое ҳам пеш меоянд, ки имдодгарон шахсони даст ба худкушӣ задаро наҷот медиҳанд. Ҳодисаи ёдшуда аз ҳамин ҷумла корномаҳои наҷотдиҳандагон аст.

барчасп: