Миёни Британияи Кабир ва Иттиҳодияи Аврупо баҳс атрофи воксани AstraZeneca идома дорад: ИА қасд дорад содироти доруро то замоне, ки кишварҳои иттиҳод таъмин нашаванд, манъ кунад. Ҳукуматдорони Иттиҳодияи Аврупо аз ширкати AstraZeneca талаб кардаанд, ки вазъро ба ҳадди ниҳоӣ нарасонад ва тибқи муоҳада мамолики Аврупоро бо воксан таъмин созад. Агар содироти воксан ба Британияи Кабир боздошта шавад, ин сабабгори коҳиши суръати эмкунии аҳолӣ мешавад ва ҳукуматро водор месозад бори дигар даст ба эълони маҳдудятҳои зиддикоронаӣ занад. Корхонаҳои тавлиди воксан дар айни замон наметавонанд ҳама фармоишот ва муоҳадаҳои қабулшудаву имзошударо иҷро кунанд.
Марҳилаи сеюми озмоиши воксани зидди коронаиврус, ки дар Куба тавлид шудааст, 22-уми март оғоз шуд ва қарор аст то 9-уми апрел ба анҷом расад. Ин воксан дар айни замон барои сокинони аз 19 то 80-сола санҷида мешавад ва дар санҷиш 48 ҳазор нафар ширкат доранд.
Ҷумҳурии Маврис 55-умин кишвари олам аст, ки воксани русии "Спутник V"-ро пазируфтааст. То кунун ин воксанро кишварҳое қабул кардаанд, ки дар маҷмуъ дорои 1,4 миллиард ҷамъият мебошанд.
Покистон вуруди шаҳрвандони 12 кишвари оламро, ки ба авҷи нави сироят ба коронавирус рӯ ба рӯ шудаанд, манъ кард. Аз ҷумла шаҳрвандони Ботсван, Бразилия, Колумбия, Ҷазираҳои Комор, Гана, Кения, Мозамбик, Перу, Африқои Ҷанубӣ Танзания ва Замбия то 5-уми апрел ҳақи вуруд ба Покистонро надоранд.
Вазорати тандурустии Муғулистон ба ҳукумати кишвар пешниҳод кард, ки аз сабаби авҷи сироят ба коронавирус як карантини 14-рӯза эълон кунад. Шабонарӯзи гузашта аз 10 049 санҷиши тестӣ 210 мубтало ба коронаиврус ошкор шуд.
Дар Латвия аввалин каси гирифтор ба гунаи африқоиҷанубии коронавирус сабт шудааст.
Дар Русия шабонарӯзи гузашта 9284 сироятшудаи навро ба қайд гиифтанд. Суръати рушди сироят то ба 0,21 дарсад коҳиш ёфтааст.
Қазоқистон аз сабти боз 1208 сироятшудаи нав ба коронавирус хабар дод. Қисмати бештарин гирифтрони нав дар шаҳрҳои Олмаато (410) ва Нур-Султон (203) мебошанд.
Дар Қирғистон зарфи 24 соати сипаришуда 73 мубталои нав ба қайд гирифта шудааст.
Ӯзбекистон хабар дод, ки дар сурати авҷи сироят ба коронавирус метавонад таътили мактабиёнро тамдид кунад. Вақтҳои охир шумори гирифторӣ ба КОВИД-19 миёни бачаҳо дар ин кишвар афзудааст.
Дар Тоҷикистон эмкунии низомиёни маҷтамаи ҳарбии русии “Окно” дар Норак оғоз шудааст. Бо воксани "Спутник V" аввал ҳарбиёне, ки вазъи кайҳонро назорат мекунанд ва ҳаракати ҷирмҳои осмониро таҳлил менамоянд, эм карда мешаванд. Дуюмин дозаи воксан баъди се ҳафта гузаронида мешавад. Дар маҷмуъ 300 хизматчии ҳарбии мустақар дар ин маҷтамаъ эм карда хоҳанд шуд.
Аз ин пештар беш аз ҳазор сарбозону афсарони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикитсон бо воксани "Спутник V" эм карда шуда буданд.