COVID-19: Шумори гирифторон дар олам беш аз 82 миллион эълон шуд. Дар Қазоқистон беш аз ҳар вақти дигар мактабиён сироят мешаванд
Чоп шуд: 30/12/2020 | redaktor
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз сирояти 82 миллиону 327 ҳазору 231 нафар дар олам хабар дод. Ин манбаъ гуфт, ки танҳо шабонарӯзи гузашта ба ҷамъи мубталоён боз 217 254 нафар пайвастаанд. То кунун бар асари КОВИД-19 1 миллиону 796 ҳазору 543 нафар ҷони худро аз даст додаанд ва 58 миллиону 338 ҳазору 453 нафар муолиҷа шудаанд.