Covid-19: Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз марги бештар аз 1 миллиону 737 ҳазор хабар дод
Чоп шуд: 24/12/2020 | redaktor
Шумори гирифторн ба коронавирус дар олам аз 79 (79 057 408 ) миллион гузашт. Бино ба гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шабонарӯзи гузашта боз 206 ҳазору 346 сироятшудаи нав ва 4 ҳазору 497 фавтидаи нав ба қайд гирифта шудааст. Аз оғози ҳамагирӣ дар олам аз Covid-19 1 миллиону 737 ҳазору 751 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ин манбаъ шумори шифоёфтагонро 55 миллиону 648 ҳазору 759 нафар эълон кард.