Ҷамъомади таълимию методии масъулони соҳаи оперативӣ ва сафарбарӣ дар Кумита

Санаҳои 17-18 марти соли 2021 дар толори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади таълимӣ-методӣ бо сардорон ва масъулони раёсатҳо, қисмҳои ҳарбӣ, шуъба ва бахшҳои Кумита оид ба чорабиниҳои оперативӣ ва сафарбарӣ гузаронида шуд.

Ҷамъомади таълимӣ методиро муовини якуми Раиси Кумита Латифзода Ҳотамшо Латиф оғоз намуда, қайд намуданд, ки чорабинии мазкур дар асоси Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фармоиши Раиси Кумита аз 13 марти соли 2021, №50 гузаронида шуда, мақсади асосии он баланд бардоштани савияи донишу малака ва маҳорати касбии масъулони соҳаи оперативӣ ва сафарбарии раёсатҳо, қисмҳои ҳарбӣ, шуъба ва бахшҳои Кумита дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои оперативӣ ва сафарбарӣ ҳангоми иҷрои чорабиниҳои мудофиаи ҳудудӣ иборат мебошад.

Дар ҷамъомади таълими-методӣ барои баланд бардоштани маҳорати касбии мутахассисони Кумита мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи оперативӣ ва сафарбарии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Агентии захираҳои моддии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои ташкилию оперативӣ ва ташкилӣ ва сафарбарии Сарраёсати мудофиаи гражданӣ, раёсатҳои қӯшунҳо ва тибии Кумита машғулиятҳоро гузарониданд.

барчасп: