17 – уми марти соли 2021 бо мақсади омодагиҳо ба мавсими обхезиҳову селҳои эҳтимолӣ дар ҷамоати Шарораи шаҳри Ҳисор кормандони Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисор якҷо бо намояндагони ҳокимияти иҷроияи маҳал ва бо ҷалби сокинон корҳои поксозии селроҳаҳо, каналу ҷӯйборҳо аз партовҳо ва ҳар гуна ифлосиҳоро роҳандозӣ карданд.
Тадбирҳои пешгирикунанда бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ ва технологияи муҳандисӣ гузаронида шуданд. Дар натиҷаи ин талошҳо 900 метр ҷӯйбор дар маҳаллаи Ганҷрез ва роҳи маҳаллӣ тоза карда шуд.
Ҳадаф аз ин поккориҳо пешгирӣ аз эҳтимолан зери об мондани маҳал мебошад.
Ҳамзамон як силсила корҳои дигар, аз ҷумла кабудизоркунӣ гузарониданд. Сокинони маҳаллӣ зери дарахтону буттаҳоро нарм карданд, гулгаштҳоро тоза намуданд.