Шумори гирифторон ба коронавирус дар олам ба 122 миллиону 376 ҳазору 806 нафар ва фавтидагон ба 2 миллиону 703 ҳазору 253 нафар расид. Шабонарӯзи гузашта боз 176 ҳазору 535 нафар чун сироятшудаи нав ва 5 512 нафар фавтида ба қад гирифта шуд. 89 ҳазору 174 нафар дар ҳоли вазнин қарор дошта, то ба имрӯз 98 миллиону 662 ҳазору 185 нафар пурра шифо ёфтаанд. Дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта ягон ҳодисаи...
Кишварҳое, ки аз ҳама бештар гирифторон ба вируси корона доранд:
ИМА — 30 358 880
Бразилия — 11 787 600
Ҳинд —11 514 331
Русия — 4 428 239
Британия и Кабир — 4 280 882
Фаронса — 4 181 607
Савари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус ба даргузашти президенти Танзания Ҷон Могофули изҳори тасаллият кард. Могофулӣ аз моҳи марти соли 2015 ба курсии сарварии ин кишвар нишаста буд ва марги ӯ бар асари коронавирус дирӯз расонаӣ шуд. Замоне Могофули КОВИД-ро ҷиддӣ намегирифт ва мегуфт онро метавон бо дуо ва рустаниҳои дорувор муолиҷа кард ва дар кишвараш карантин ҳам эълон накард.
То ба имрӯз 113 миллион доза воксан миёни аҳолии ИМА тақсим шудааст.
Дар Лаҳистон зарфи як шабонарӯзи гузашта боз бештар аз 27 ҳазор мубталоёни нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Ин рақам болотарин рақам аз замони ҳамагирист.
Ҷопон тасмим гирифтааст шумори тестҳо барои коронавирусро то 40 дарсад афзоиш диҳад.
Чин зарфи шабонарӯзи гузашта 12 сироятшудаи нав ба КОВИД-19-ро сабт кард.
Ҳамзамон бо афзоиши нигаронӣ нисбат ба мавҷи сеюми корона дар Фаронса маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мешаванд ва дар як қатор шаҳрҳо, аз ҷумла Порис аз нав карантин ҷорӣ мешавад.
Аз 20 – уми марти соли 2021 дар пойтахти Украина карантини шадид ҷорӣ хоҳад шуд. Қарор аст он то 9-уми апрел, муддати се ҳафта идома кунад. Ҳамаи кинотеатрҳо, толорҳои консертӣ, осорхонаҳо ва марказҳои тиҷоратӣ фаъолияти худро қатъ мекунанд. Танҳо мағозаҳои хӯрокворӣ, дорухонаҳо, фурӯшгоҳҳои ҳайвонот бо риояи ҳама қоидаҳои беҳдоштӣ фаъолият хоҳанд кард. Ибодатҳои динӣ ба калисоҳо маҳдуд мешавад. Ҳама гуна тадбирҳои дилхӯшӣ ва ҳузури тамошобинон дар толорҳои варзишӣ ҳамгоми мусобиқаҳо манъ мешавад. Нақлиёти ҷамъиятӣ кор мекунад, вале он то ним аз мусофирон пур хоҳад шуд.
Бино ба маълумоти расмӣ шабонарӯзи гузашта дар Украина беш аз 15 ҳазор сироятшудаи нав ба SARS-CoV-2 ба қайд гирифта шудааст.
Аввалин сироятшуда бо штамми “британиёии” коронавирус дар қаламрави Озарбойҷон ба қайд гирифта шуд.
Дар Қазоқистон зарфи як шабонарӯзи гузашта 1186 ҳодисаи сироят ба коронавирусро сабт кардаанд.
Русия ва Қирғизистон дар мавриди 500 ҳазор доза воксани русии «Спутник V» ба тавофуқ расидаанд.
Нурмат Отабеков – ҷонишини сардори ниҳоди санитариву эпидемиологии Ӯзбекистон дар бораи афзоиши мубталоён ба коронавирус миёни кӯдакон хабар дод. То имрӯз, 19-уми март дар Ӯзбекистон 80 971 ҳодисаи сироят ба коронавирус ошкор шудааст.
Ҷонишини вазири тандурустии Тоҷикистон Самариддин Ализода изҳор дошт, ки Тоҷикистон аз истифодаи воксани AstraZeneca даст намекашад. То имрӯз кишвар 192 ҳазор дозаи воксани AstraZenecaро ба даст овардааст.