Волидони се тифли мурда дар сӯхтори як хона дар Новосибирск чор сол аз озодӣ маҳрум мешаванд

Волидони се тифли фавтида дар як сӯхтор дар шаҳри Новосибирск аз ҳуқуқи озодӣ маҳрум мешаванд. Бино ба гузориши Кумитаи тафтишотии Русия ин ҳодиса миёнаҳои моҳи октябри соли 2020 дар як бинои тахтагин рух дод ва дар он се кӯдаки аз 7 то 3-сола ба ҳалокат расиданд. Ба дунболи ин рӯйдоди фоҷеабор падару модари онҳоро боздошт карда буданд ва ҳоло тафтишот ба анҷом расидаву парванда ба суд ирсол мешавад.

Ин манбаъ мегӯяд падари 39-сола ва модари 35-сола тибқи қисми сеюми моддаи 109 КҶ ФР ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Тафтишот далелҳои муътамаде  ҷамъоварӣ кардаву гуноҳи волидонро дар ин фоҷеа исбот намудааст.

Тафтишот мегӯяд ин хонавода аз кишвари Красноярск дар ҷустуҷӯи ҷойи кор ба Новосибирск омада, дар як хонае, ки барои зист муносибу мувофиқ набуд, зиндагӣ ихтиёр кардаанд.

Модар 15 октябр бухории хонаро оташ гиронда, даричаи онро напӯшидааст. Ва тифлонро танҳо гузошта, назди шавҳараш рафтааст. 

"Сӯхтор сар зад ва танҳо баъди хомӯш кардани он зери хокистари чӯбу тахта ҷисми сӯхтаи се тифл пайдо шуд. Аммо волидон бо он ки диданд ин хона месӯзад ва якҷо бо он фарзандонашон низ месӯзанд, ба ҷойи хомӯш кардани алангаи оташ ва талош кардан барои наҷоти ҷони тифлакон аз  макони ҳодиса фирор мекунанд”,- гуфтааст намояндаи Кумитаи тафтишот ба хабарнигорон.

Ҳоло ба ин падару модар чаҳор сол маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад. 

барчасп: