Дар натиҷаи боронҳои шадид дар наздикии шаҳраки Хоҷа Шоми деҳаи Гултеппа, дар ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабов, ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, болоравии сатҳи оби дарёи Ёҳсу ба қайд гирифта шуд, ки боиси ҳолати садамавӣ дар сарбанди ҳифозатии дарё шуд.
Бо мақсади пешгирӣ аз рахна шудани сарбанд, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят 42 хиштбетоне, ки дар қаламрави яке аз қисмҳои ҳарбии Кумита мавҷуд буд, дар қитъаҳои харобшудаи сарбанди муҳофизатӣ барои мустаҳкам ва барқарор кардани ҷойҳои осебпазир насб карданд. Ғайр аз он бо 39 хиштбетони дигар онро тақвият карданд. Дар умум масоҳати 50 метр ҷойи хатарнок мустаҳкам карда шуд.
Дар маҷмуъ аз ҳисоби захираҳои қисмҳои ҳарбии КҲФ ба канали магистралии Чубек 78 хиштбетон ва аз Раёсати беҳдоти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб 46 хиштбетон овардаву ҷойҳои осебпазир тақвият дода шуданд.
Дар корҳои барқарорсозӣ дар ин минтақа 5 адад техникаи вазнини муҳандисӣ ҷалб карда шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 литр сӯзишворӣ ҷудо кард. Корҳои барқарорсозӣ дар ин самт идома доранд.