То 24 марти соли равон шумори гирифторон ба вируси корона дар олам ба 124 миллионк 806 ҳазору 956 нафап расид. Бештар 2,7 миллион нафар ҷон бохтанд. ИМА бо 30 миллион, Бразлия бо 12 миллион ва Ҳиндустон бо 11 миллион мубтало ба коронаирус сегонаи аввали кишварҳоеро ташкил медиҳанд, ки аз ҳама бештар гирифтор доранд. Дар шумори фавтидагон аз ин вирус низ ИМА (55 ҳазор), Бразилия (298 ҳазор) ва Мексика (198 ҳазор) пешсафанд.
Коҳиши суръати сироят, ки аз миёнаҳои моҳи январи соли равон оғоз шуда буд, дубора ба авҷ расид. Аз 20-уми март баинҷониб ҳамарӯза дар олам то 500 000 сироятшудаи нав сабт мешавад. Кишварҳое, ки тадбирҳои зиддикоронаиро лағв карда буданд, бори дигар ба маҳдудиятҳо ва карантинҳо бармегарданд. Мутахассисон ҳоло ба ваксанзании умумиву сартосарӣ умед мебанданд. То 23-уми март кишварҳое чун ИМА, Чин ва Ҳинд пешгомҳои эмкуӣ ба шумор мераванд.
Президенти Венесуэла Николас Мадуро хабар дод, ки кишвараш ду фарзияи воксани тавлиди Кубаро барои санҷиш дарёфт кардааст.
ВКХ Олмон пешниҳод кардааст, ки ҳарчи зудтар то 1 июн кори COVID-шиносномаҳоро ба поён бояд расонд. Аммо ин ҳуҷҷат танҳо ба касоне дода хоҳад шуд, ки эм шудаанд ва ё озмоишашон манфӣ баромадааст.
Амали қуюди габгардӣ дар Нидерландия аз 31 март як соат коҳиш дода мешавад.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия боз 8457 сироятшудаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Суръати шабонарӯзии рушд то ба 0,19 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар 24 соати гузашта дар ин кишвар аз КОВИД-19 427 нафар фавтидаанд.
Қазоқистон аз гирифтории боз 1101 нафар ба вируси корона хабар дод.
Дар Қирғизистон маъракаи эмкунии ихтиёӣ рӯзҳои наздик оғоз мешавад. Аввал 150 ҳазор доза воксани «Синофарм», ки Чин ба вазорати тнадурустии Қирғизистон ройгон бахшида буд, истифода мешавад. Бо ин воксан духтурон, омӯзгорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эм карда хоҳанд шуд.
Ҷонишини Хадамоти санитарӣ- эпидемиологии Ӯзбекистон Нурмат Отабеков хабар дод, ки шумори нав сироятёфтагон дар кишвар афзудааст. Вай гуфт, ки ин ба афзоиши штамми “британиёӣ” вобаста аст, ки бештар кӯдакон олуда мешаванд. Рӯзи сешанбе шумори умумии сироятёфтагон аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар 81 559 нафар эълон гардди. Аз ин беморӣ 622 нафар фавтиданд ва 79 994 нафар шифо ёфтанд. Пештар нав сироятшудагон то ба 50 нафар ба қайд гирифта мешуд, вале ин ҳафта мақомот аз сирояти беш аз 100 нафар дар як рӯз хабар медиҳанд. Маъракаи эмкунии саросарӣ аз 1 апрел оғоз мешавад.
Дар Тоҷикистон эмкунии сатосарии аҳолӣ оғоз шуд. Аввалин касе, ки худро эм кард, Осама Маккави Когали, сарвари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон буд. Ба дунболи ӯ вазири тандурустии Тоҷикистон, ду муовин ва дигар кормандони вазорат худро эм карданд. То имрӯз ба Тоҷикистон 192 ҳазор доза воксани AstraZeneca расидааст. Қарор аст дар навбати аввал афроди зерин эм карда шаванд:
• кормандони тибб
• кормандони соҳаҳои стратегии иқтисод
• шахсони аз 60-сола боло
• касоне, ки гирифтори бемориҳои музмини ғайриуфунианд
• кормандони илм ва маория.