Поккориҳои рӯзи гузашта. Шаҳри Душанбе, вилояти Суғд

Бо вуҷуди эълони он ки вируси корона дар кишвари мо ақиб менишинад ва рӯз то рӯз шумори муроҷиаткунандагон ба бемористонҳо коҳиш меёбад, теъдоди муолиҷашудагон афзоиш дорад, вале Ситоди ҷумҳуриявӣ мегӯяд набояд хотирҷамъ буд ва ҳамоно боистӣ, ки қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиддан риоя шаванд. Ин аст, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

CОVID-19 – Тоҷикистон: Мубталоён 4609 нафар, шифоёфтагон 2763 ва фавтидагон 48 нафар

То соати 18:00 рӯзи 8 июн  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4609 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ба  қайд гирифта шуд ва аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2763 (60%) нафар шифо ёфтаанд. То имрӯз дар Тоҷикитсон бар асари коронавирус 48 нафар ҷони худро аз даст додаанд.  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон бо пахши ин хабар ҳамчунин иттилоъ дод, ки  то 8 июни соли равон дар мамлакат...

Наваскарони қисмҳои ҳарбии Кумита савганд ёд карданд

Дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наваскарон савганди ҳарбӣ ёд карданд. Маросими савгандёдкунӣ имсол вобаста ба вазъ дар доираи маҳдудиятҳои беҳдоштӣ гузашт. Ҳангоми санганд ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ бидуни истисно бо ниқоб буданд ва дар оғози чорабинӣ ҳарорати ҳамаи сарбозонро бо ҳароратсанҷ санҷиданд.

COVID-19: Шумори фавтидагон дар саросари олам ба беш аз 400 ҳазор нафар расид. Донишмандони мегӯянд шеваи сирояти коронавирус дигар шудааст

Бино ба маълумоти Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинзи ИМА шумори фавтидагон аз COVID-19 дар саросари олам ба беш аз 400 ҳазор нафар расид. Дар Амрико аз ин беморӣ 109,8 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд, дар Британияи Кабир 40,5, дар Бразилия 35,9, дар Италия 33,8, дар Фаронса 21,1 ва дар Русия 5,8 ҳазор аз КОВИД-19 ҷон бохтаанд.
Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар Бразилия, ки ҳоло маркази

Резаахбори ин соат. Ҷасади ҷавони ғарқшуда пайдо шуд

Як сокини 18-солаи  деҳаи Зафари ҷамоати Чорякорони ноҳияи Рўдакӣ рӯзи 7-уми июн ҳангоми убур аз  болои  қубури обгузар аз беэҳтиётӣ дар канали  калони Ҳисор сарозер шуд. Худи ҳамон рӯз ба муҷарради расидани хабар наҷотдиҳандагони Дастаи зудамали Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд.
Ҷустуҷӯи рӯзи аввал натиҷа надод, оби пурхурӯш ҷасадро ба

Страницы