Бо вуҷуди эълони он ки вируси корона дар кишвари мо ақиб менишинад ва рӯз то рӯз шумори муроҷиаткунандагон ба бемористонҳо коҳиш меёбад, теъдоди муолиҷашудагон афзоиш дорад, вале Ситоди ҷумҳуриявӣ мегӯяд набояд хотирҷамъ буд ва ҳамоно боистӣ, ки қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиддан риоя шаванд. Ин аст, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоно ба поккориҳои худ дар кӯчаву хиёбон, биноҳои истиқоматии шаҳрвандон, идораву муассисаҳо идома медиҳад ва ҳамарӯза даҳҳо тонна маводҳои кимиёвиро сарфи мубориза бо КОВИД-19 мекунад.
Шаҳри Душанбе:
Рўзи 8 – уми июн гурўҳи безаргардонии зиддиэпидемиологии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе, иборат аз 15 нафар бо 3 мошин, 10 дастгоҳи дорупошаки дастӣ ва 3 дорупошаки муҳаррикдор ба ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сафарбар шуданд.
Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятӣ, гурӯҳи безараргардонии Раёсати шаҳри Душанбе дар кӯчаи А.Дониш хонаҳои №12, 12/1, 14, 14/1, 16, 16/1, 18, 20/1, 20/2, 20/3, 20/4, 20/5, 20/6 ва кӯчаҳои С.Шарипов 1, 1а, 2, 4, 4/1, 5, 11, 12, 13, 14, 15 бо истифода аз маҳлули гипохлориди натрий корҳои безараргардонӣ гузарониданд.
Дар маҷмӯъ рӯзи гузашта барои безараргардонӣ дар кӯчаҳои зикршуда 10000 литр маҳлули гипохлориди натрий истифода карда шуд.
Вилояти Суғд:
Ҳамаруза бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ва бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус- «Covid-19» дар ҳавлию хонаҳои баландошёна корҳои поксозӣ роҳандозӣ мешаванд.
Дар як рӯз аз ҷониби кормандон беш аз 20 адад хонаҳои баландошёна тамизкорӣ мегарданд. Аз 1 то 7- уми июн аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Раёсат
594 даромадгоҳи 124 бинои истиқоматии баландошёнаи маҳаллаҳои 33, 34, 20, 18, 8, 12; 124 ҳавлиҳои истиқоматӣ дар маҳаллаҳои Ҳабитат, А.Фирдавсӣ, Ҳ.Карим, Танбурӣ поккорӣ шуданд.
Дар баробари гузаронидани чорабиниҳои мазкур инчунин аз ҷониби гурӯҳи тарғиботии Раёсат бо раисони маҳаллаҳо, шахсони масъул корҳои тарғиботии ташвиқотӣ оид ба риояи қоидаҳои беҳдошт, истифодаи маводҳои антисептикӣ, ҳар чӣ бештар шустани дастон бо собун, истифодаи бандинаҳои тиббӣ, кам кардани гаштугузор дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ба тавсияҳои Кумита, Вазорати тандурустӣ амал намудан, ҳаёти худ ва наздикони худро эҳтиёт намудан бо риояи фосила ва дигар қоидаҳои бехатарӣ сӯҳбатҳо гузаронида мешаванд.
Корҳои безараргардонӣ ва тарғиботӣ дар вилояти Суғд идома доранд.