Дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наваскарон савганди ҳарбӣ ёд карданд. Маросими савгандёдкунӣ имсол вобаста ба вазъ дар доираи маҳдудиятҳои беҳдоштӣ гузашт. Ҳангоми санганд ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ бидуни истисно бо ниқоб буданд ва дар оғози чорабинӣ ҳарорати ҳамаи сарбозонро бо ҳароратсанҷ санҷиданд.
Баъди он ки наваскарон ба қисми ҳарбӣ ворид шуданд, ҳамаи онҳо як марҳилаи дуҳафтаинаи карантинро пушти сар карданд. Онҳоро дар сарбозхонаи алоҳида ҷудо аз хизматчиёни ҳарбии дигар ҷобаҷо намуданд.
Роҳбарони КҲФ, ки дар маросими савгандёдкунии наваскарон ширкат доштанд, зимни суханронӣ дар бораи хизмати ҳарбӣ ҳарф заданд ва ба онҳо хизмати сазовору шоиста ба Ватани маҳбубро орзу намуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки кулли қисмҳои ҳарбии Кумита бо ниқобҳои ҳифозатӣ ва маводҳои антисептикӣ таъминанд. Ҳамарӯза ҷиҳати ҷилавгирӣ аз сирояти эҳтимоли сарбозону афсарон бо истифода аз доруҳои кимиёвӣ дар қаламрави қисми ҳарбӣ корҳои поксозӣ гузаронида мешаванд.
Суҳбат бо наваскарон нишон дод, ки зарфи муддате, ки ба қисми ҳарбӣ ворид шудаанд, на танҳо қоидаҳои ҳарбиву сафороиро омӯхтаанд, балки аз мураббиёни худ дониши мукаммалтаре дар бораи қарзи шаҳрвандӣ, ҳисси ватандӯстӣ, муҳаббати самимона ба Ватанро ҳосил крадаанд.