Резаахбори ин соат. Ҷасади ҷавони ғарқшуда пайдо шуд

Як сокини 18-солаи  деҳаи Зафари ҷамоати Чорякорони ноҳияи Рўдакӣ рӯзи 7-уми июн ҳангоми убур аз  болои  қубури обгузар аз беэҳтиётӣ дар канали  калони Ҳисор сарозер шуд. Худи ҳамон рӯз ба муҷарради расидани хабар наҷотдиҳандагони Дастаи зудамали Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд.

Ҷустуҷӯи рӯзи аввал натиҷа надод, оби пурхурӯш ҷасадро ба зудӣ аз маконе, ки ғарқ шуда буд, дур бурда буд.

Дирӯз ҷустуҷъ аз сар гирифта шуд ва тахминан соати 11:05 дақиқа ҷасади марҳум дар ҳудуди кӯчаи Авули ноҳияи Синои пойтахти кишвар, аз дохили қубури обгузари канали Ҳисол пайдо карда шуд.

Наҷотдиҳандагон ҷасади шаҳрвандро ба кормандони ШВКД-и ноҳияи Сино-1 супоридаанд.

Наҷоти саг аз болои қубури обгузар

Саге ҳангоми убур аз пул сарозер шудааст, аммо на ба об, балки болои қубури обгузар дармондааст. Вай дигар имкони болову поён рафтан ва худро наҷот додан аз фалокати эҳтимолӣ надорад. Муддати як шабонарӯз ҳама талошҳояш бенатиҷа мондаанд.

Чашми Давлатшоҳ Нусратов, истиқоматкунандаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба ин саг меафтад ва худ низ наметавонад барояш кумак кунад. Вай ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг зад ва ҳолро шарҳ дод.

Соати 14:03 дақиқа наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд ва ин ҷонвари дармондаву гирифтор ба мусибатро беозор наҷот доданд ва ба соҳибаш супурданд.  

Боз се дари баста боз шуд

Зарфи ду рӯзи охир наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе се дари баста ва бекалидмондаи сокинони пойтахтро бо истифода аз таҷҳизоти вижа боз карданд. Ин афрод ё дар дохили хона калид гум мекунанд ва ё калид дар хонаву худ беруни дар мемонанд.

Дар аксар мавридҳо фарзандони ноболиғашон даруни хона бе нигаҳбон мемонанд, ки ин ҳолат метавонад сабабгори ягон ҳодисаи нохӯше шавад.

Аз ҷумла, рӯзи 6-уми июн хабари дарҳои бастаро аз сокинони кӯчаҳои Тунис ва Қаҳҳоров дарфт карданд.

Рӯзи 7-уми июн бошад ҳамин гуна хабар аз як сокини кӯчаи Рӯдакӣ расид. Дар се маврид ҳам наҷотдиҳандагон фаврӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва дарҳои бастаро беосеб боз карданд.

Аз шаҳрвандон хоҳиш мекунем ҳангоми берун шудан аз хона лутфан бе ягон саросемагӣ аввал бубинед, ки калид бо шумост ё дохили хона мондааст.

барчасп: