Бино ба маълумоти Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинзи ИМА шумори фавтидагон аз COVID-19 дар саросари олам ба беш аз 400 ҳазор нафар расид. Дар Амрико аз ин беморӣ 109,8 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд, дар Британияи Кабир 40,5, дар Бразилия 35,9, дар Италия 33,8, дар Фаронса 21,1 ва дар Русия 5,8 ҳазор аз КОВИД-19 ҷон бохтаанд.
Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар Бразилия, ки ҳоло маркази сироят ва авҷи коронавирус ба шумор меравад, бештар аз 900 нафар фавтиданд ва табибони зиёда аз 27 ҳазор нафари дигарро чун сироятёфтаи нав ба қайд гирифтанд. Ҳамин тариқ ҳоло дар Бразили мубталоён ба ин беморӣ аз 672 846 нафар гузашта ва 35 930 нафар ҷон додаанд.
Зарфи як шабонарӯз дар Русия 8 984 нафари дигар мубталои коронавирус шуданд. То кунун дар ин кишвар шумори гирифторон ба КОВИД-19 ба 467 ҳазору 673 нафар расида ва шумори шифоёфтагон 226 731 нафар гуфта мешавад.
Дар баробари густариши коронавирус дар саросари олам донишмандон бештар ба рафтору хислатҳои хатарнок ва то ҳадде ҷолиби SARS-CoV-2 ошно шуданд. Дар ҳоле, ки биёриҳо месулфиданд, ҳиссиёти мазаву бӯйро гум мекарданд ва ҳарорати баданашон боло мерафт, баъзе аз сироятёфтагон нишоне аз ин бемориро надоштанд ва онҳо ҳатто дарк ҳам намекарданд, ки барангезандагону паҳнкунандагони КОВИД-19 ҳастанд. Ин донишмандон мегӯянд бояд ба дарки ин нукта расид, ки одамони зиёде бидуни ягон нишон аз аломатҳои коронавирус беморанд ва пандемия ҳоло ана ҳамин гуна шеваи “густариши оромона”-ро пеш гирифтааст.