Саҳфаҳои таърих. Садамаи киштиҳо дар моҳи марти солҳои гуногун

Киштиҳо, ки аз муҳимтарин василаи ҳамлу нақли одамон ва бору коло мебошанд, аз хатарҳо низ эмин нестанд. Ҳамасола ин гуна рӯйдодҳо ба қайд гирифта мешаванд. Аммо назар ба рӯзҳои мо дар гузашта садамаву ғарқи об шудани киштиҳо ба маротиб бештар будааст. Дар ин бахш мурури кутоҳе дорем садамаи киштиҳо дар таърихи башар дар моҳи март.

1800

17 март ҳангоми шино дар наздикии бандари  Ливорно киштии бодбонии хати Британия бо номи “Малика Шарлота” (аввалин киштии флоти ҳарбии Британия, ки ба номи маликаи ин кишвар номгузорӣ шуда буд) оташ гирифт ва баъдан инфиҷор ёфт. Аз 859  сарнишини он 673 нафар ба ҳалокат расиданд.  

1801

16 март киштии флоти ҳарбӣ-баҳрии Британияи Кабир «Invincible» дучори садама шуд ва дар он наздик ба 400 нафар қурбон шуданд.

1841

11 март киштии британиёии “Президент” ба садама дучор шуд ва 136 нафар ҷони худро аз даст доданд.

1850

30 март киштии «Royal Adelaide», ки бо парчами ИМА дар ҳоли шино буд, дар тунукобаи наздикии шаҳри Маргит бархӯрд ва чорсад нафар ҷони худро аз даст доданд.   

1872

31 март дар рӯди Миссисипи деги буғии киштии “Уқёнус” таркид ва худи киштӣ оташ гирифт. Аз 100 нафар сарнишинони он қариб 60 нафар ҳалок шуданд.

1878

24 март ҳангоми як тӯфони басо шадид дар назди ҷазираи Уайт киштии «Eurydice» ба дур партов шуд ва баъдан ғарқ гардид. Киштӣ мансуб ба Қувваҳои ҳарбии баҳрии Британияи Кабир буд. Ин фоҷеа сабабгори марги  376 нафар шуд. 

1891

17 март баъди бархурди киштии британиёии «Anson» киштии мусофирбарии «Утопия», ки мехост дар лангаргоҳи Гибралтар лангар андозад, дар об ғарқ шуд. наздик ба 600 нафар, аз ҷумла ду маллоҳ ва киштии «Immortalité», ки дар амалиёти наҷот иштирок доштанд, қурбон шуданд.   

1895

11 март дар ноҳияи халиҷи Гибралтар киштии «Reina Regente», ки ба Флоти ҳарбии Испания мансуб буд, дучори садама шуд ва бештар аз чаҳорсад сарбозону афсарони он ҳалок шуданд.

1899

30 март дар гулугоҳи Ла-Манш, дар сахраҳои Каскеттс  дар натиҷаи иштибоҳи сарнишинон киштии мусофирбари “Стелла”, ки зери парчами Британияи Кабир шино мекард, дучори садама шуд ва 105 нафар маллоҳону мусофирон ҳамагӣ ҳалок шуданд.

барчасп: