Дар як садамаи мошин як нафар ҳалок шуд. Дар Данғара 11 узви ду оила аз консерв заҳролуд шуданд. Яке фавтид, ҳоли се тан вахим аст

Зарфи ду шабонраӯзи гузашта бар асари як садамаи мошин ва заҳролуд шудани сокинон аз консерви дастсохт ду нафар ба ҳалокат расиданд. Як маҷруҳи садама дар бемористон, яке аз 11 заҳролудшудагон ҳам тарки олам намуд. Ҳолати се тани онҳо вазнин буда, ҳоло 9 нафар дар беморхонаи ноҳияи Данғара табобат мешаванд.
Тибқи маълумоти шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва

Covid-19: Шумори мубталоён дар олам аз 47 миллион гузашт. Кормандони идораи гӯручӯби Испания даст ба коршиканӣ заданд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ субҳи имрӯз шумори мубталоён ба КОВИД-19 дар оламро  47 миллиону 326 ҳазору 715 нафар эълон кард. Дар як шабонарӯз дар саросари олам боз 109 ҳазору 64 нафар ба ин вирус сироят шудаанд. То ба имрӯз аз ин беморӣ дар олам 1 миллиону 211 ҳазору 421 нафар фавтидаанд. Шумори ҷонбохтагон дар шабонарӯзи гузашта  1 774 нафар эълон шуд.

Сӯхтор дар кӯчаи Абдулло Назрии шаҳри Душанбе. Талафоти ҷонӣ нест

Баъд аз зӯҳри рӯзи шанбе, 31-уми октябри соли равон тибқи як хабари сӯхтор дар кӯчаи Абдулло Назрии шаҳри Душанбе дастаи наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуд.

Оташи сӯхтор аз хонаи №52 ба хонаҳои 42, 44,46,  48, 48/1, 50

Садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд. Мошин ба умқи 900 метр сарозер шуд. Се нафар ба ҳалокат расиданд. Сабаб: суръати баланди ҳаракат!

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни роҳандозии корҳои наҷот як мошинеро, ки аз баландӣ ба умқи қариб 900 метр сарозер шуда буд, берун оварданд. 

Ин фоҷеа рӯзи 31-уми октябри соли равон дар километри 153 – уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд рух дод. Мошини тамғаи

ҚИССАҲОИ ҶУҒРОФӢ: Охирин ҷанги Магеллон бо ҳиндуҳо. Марги фоҷеавии кишваркушои машҳур. Бахши охир

Ин як сарнавишти пурсӯзест аз замони кишваркушоиҳои аврупоиён. Фердинанд Магеллон-пӯянда ва дарёнаварди маъруфи португалӣ, ки дар кишвараш тарҳашро напазируфтанд ва ба Испания рафт, нахустин касе буд, ки аз тариқи ғарб аз Аврупо ба Осиё раҳсипор шуд ва дар уқёнуси Ором киштӣ ронд. Аввалин касе буд, ки бо ҳадафи давр задани кураи Замин роҳбарии як ҳайати бузурги киштирониро

Страницы