Артиши миллӣ-сипари боэътимод ва омили зиндагии ободу осудаи кишвар
Чоп шуд: 23/02/2021 | redaktor
Барои он, ки дар бораи Артиши миллӣ –ҳамчун сипар ва ҳимоятгари кишвари азизамон сухан ронем, мехоҳам аз таърихи гузаштагонамон, аниқтараш аз подшоҳи хирадманду адолатпеша, номбардору қавиирода ва сарлашкари тавоное, ки бо тадбиру салоҳ ва талошҳои ҷонгудозе давлати Сомониёнро ривоҷу равнақ ва нашъу намо дод, Амир Исмоили Сомонӣ ёдовар шавем.