Covid-19: Шумори сироятшудагон дар олам ба 46 миллион наздик мешавад. Маҳдудиятҳои нави шабона дар Аврупо. Мактабҳо, тарабхонаҳо, барҳо, клубҳо, иншоотҳои варзишӣ ва тафреҳиву фарҳангӣ баста мешаванд
Чоп шуд: 31/10/2020 | admin31 октябри соли 2020 сироятёфтагон ба вируси корона дар саросари олам 45 миллиону 921 ҳазору 794 нафар эълон шуд. Танҳо рӯзи гузашта 133 ҳазору 721 нафар мубтало ба ин вирус шуданд. Аз оғози пандемия то кунун дар олам аз КОВИД-19 1 миллиону 193 ҳазору 912 нафар фавтидаанд. Аз коронавирус то кунун 33 миллиону 252 ҳазору 284 нафар пурра муолиҷа шудаанд.