Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд барои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030», инчунин ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои таъхирнопазир ва пешгирикунандаи ҳолатҳои фавқулодда дар мавсими боронгариҳо, пешгирии рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи селу обхезиҳо рӯзи 7-уми майи соли равон корҳои соҳилбандӣ гузаронида шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки соҳибкори инфиродӣ Собитҷон Мақсудов дар соҳили «Баҳри тоҷик» наздикии боғи Темурмалики шаҳр барои роҳандозии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо истифода аз сангҳои калонҳаҷми бетонӣ ва техникаҳои махсуси муҳандисӣ ба ин кор. мусоидат намуд.
Бояд қайд намуд, ки айни замон дар 67-метри соҳили «Баҳри тоҷик» корҳои соҳилбандӣ ба анҷом расонида шуда, 47 камаз сангҳои калонҳаҷми бетонӣ ба мавзеи мазкур оварда шуданд.
Ин кори хайр имрӯзҳо идома дорад.
Ҳамзамон бо ин дар Маркази таълими – методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон рӯзҳои 6-7 – уми майи соли 2021 барои 24 нафар муаллимони мактабҳои шаҳру нгоҳияҳои минтақа машғулияти мудофиаи гражданӣ доир гардид.
Ҳадаф аз гузаронидани ин омўзиш баланд бардоштани савияи дониши мудирони муассисаҳои таълимии томактабӣ дар масъалаҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода ва омӯзиш додани роҳҳои пешгирнӣ ва бартараф намудани паёмадҳои ин гуна ҳодисаҳо буд.