COVID-19: Дар Ҳинд бемории дигар – мукоромикоз дар ҳоли авҷ аст

Шабонарӯзи гузашта дар саросари Ҳинд бар асари коронавирус 5 ҳазору 187 нафар ҷон бохтанд.  Бино ба гузориши вазорати тандурустии Ҳиндустон дар ин кишвар бемории мукоромикоз, ки бо номҳои “занбурӯғи сиёҳ” ва “мағори сиёҳ” низ маълуму машҳур аст, дар ҳоли авҷ гирифтан мебошад. Ин бемориро занбурӯғи мукор, ки маъмулан дар ҷойҳои намӣ зиндагӣ мекунад ва бештар беморони қандро ҳадаф қарор медиҳад, паҳн менамояд. Бино ба гуфтаи манбаъ ин беморӣ бештар ҳоло миёни касоне дида мешавад, ки ба коронавирус гирифтор шудаву шифо ёфтаанд. Беморӣ бештар органҳои дохилии бадани инсон ва пӯсти ӯро мавриди ҳамла қарор медиҳад. Ин беморӣ дар айни замон ба ҳадде авҷ гирифтааст, ки барои мубталоёнаш дар беморхонаҳо утоқҳои алоҳида ҷудо мекунанд.

Дар Олмон шабонарӯзи гузашта беш аз 12 ҳазор нафар гирифторони нав ба коронавирус сабт шуданд ва 127 нафар аз ин беморӣ фавтиданд. Шумори умумии ҷонбохтагони корона дар Олмон 84 775 нафар эълон шудааст.

Зарфи 24 соати гузашта дар Ветнам 102 ҳодиса мубталоӣ ба қайд гирифта шудааст. Мақомот гуфтаанд, ки 92 нафари онҳо дар касоне ифшо шудааст, ки дар дохили кишвар будубош доранд ва 10 нафари дигар ба Ветнам аз хориҷ ворид шудаанд. Аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар 3332 нафар гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудаанд. 

Украина аз сирояти боз 5372 нафар ба КОВИД-19 хабар дод ва дар як шабонарӯз дар ин кишвар аз коронавирус 193 нафар ҷон бохтаанд. Аз аввали ҳамагирӣ бар асари КОВИД-19 46 393 нафар фавтидаанд. 

Шумори мубталоён ба коронавирус дар Белорусия дар як шабонарӯз 1214 нафар афзудааст ва теъдоди қурбониёни ин беморӣ ба 2632 нафар расидааст.

Дар Русия шабонарӯзи сипаришуда  8419 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст ва аз ин вирус 334 нафар фавтидаанд ва шумори қурбониёни COVID-19 ба 113 326 расидааст. Дар Москав дар 24 соати сипаришуда - 2828, дар Петербург – 729, вилояти Москав – 636 мубталои нав сабт шудааст. 

Қазоқистон аз гирифтори боз 2350 нафар хабар дод ва аз ҳама бештар дар шаҳрҳои  Олмаато - 637 ва Нур Султон  — 324 ошкор карда шудааст..

Дар Ӯзбекистон зарфи як шабонарӯзи гузашта бо 419 мубталои нав ба коронавирусро сабт кардаанд. Мубталоён бештар дар шаҳри Тошканд — 192, вилоятҳои Самарқанд — 81, Тошканд — 70, Хоразм — 15 ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин беморӣ 662 нафар ҷон бохтаанд. 

Дар Қирғизистон 254 мубталои нав ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шудааст, 6 нафар ҷон бохтаву шумори фавтидагон аз коронавирус дар ин кишвар аз аввали ҳамагирӣ ба 1665 нафар расидааст. 

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз авали соли равон дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аз 13 308 сироятшуда ба духтурон муяссар шуд 13 218 нафари онҳоро муолиҷа кунанд ва 90 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.  

барчасп: