Шумори гирифторон ба коронвирус дар олам аз 163 миллион гузашт (163 728 900) ва шабонарӯзи гузашта боз 658 585 нафар ба ин вирус сироят шуданд. Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ зарфи 24 соати гузашт 12 034 нафар фавтиданд ва шумори ҷонбохтагон дар олам аз аввали ҳамагирӣ ба 3 миллиону 393 ҳазору 648 нафар расид.
Кишварҳое, ки аз ҳама бештар мубтало ба коронавирус доранд:
ИМА — 33 709 501
Ҳинд — 24 964 925
Бразилия — 15 590 613
Фаронса — 5 877 787
Туркия — 5 117 374
Русия — 4 940 245
Бразилия иртиботи ҳавоӣ бо Ҳиндро ба сабаби бад шудани вазъи гирифторӣ ба КОВИД-19 дар ин кишвар боздошт. Ҳамчунин ҳар касе, ки бо ҳавопаймо ба Бразилия агар баъди сафараш ба Ҳинд омада бошад, иҷозаи вуруд ба хоки Бразилия дода намешавад.
Дра Британияи Кабир шабонарӯзи гузашта 1926 гирифтори SARS-CoV-2 сабт шудааст ва теъдоди умумии мубталоён аз аввали ҳамагирӣ ба 4 450 777 расидаву фавтидагон беш аз 127,6 ҳазор нафар гузориш шудааст.
Юнон аз сирояти 1,2 ҳазор дар 24 соати гузашта хабар дод ва шумори умумии гирифторон ба SARS-CoV-2 377 090 нафар эълон шуд, бар асари ин беморӣ то кунун 11 415 нафар фавтидаанд.
15 – уми майи соли равон вазорати беҳдошти Эрон хабар дод, ки шумори фавтидагон бар асари коронавирус дар кишвар ба 76 433 нафар расидааст ва 200 нафари онҳо шаби гузашта ҷон аз даст додаанд.
Дар як шабонарӯз дар Кореяи Ҷанубӣ боз 409 нафар мубталои нав сабт шуд ва шумор ҷонбохтагон аз COVID-19 низ афзуд.
Дар Ҷопон шумори гирифтороне, ки дар ҳоли вазнин қарор доранд, 1231 нафар эълон шудааст. То кунун аз 11 463 нафар аз COVID-19 фавтидаанд.
Дра Арманистон зарфи як шабонарӯзи гузашта 131 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Аз аввали ҳамагирӣ 4323 нафар аз ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.
Дар Белорусия аз сирояти боз 1627 нафар ба коронавирус хабар доданд ва вазорати тандурустии ин кишвар гуфт, ки аз аввали пандемия 376 341 нафар чун мубтало ба ин вирус сабт шуда, 2701 нафар (шаби гузашта 10 нафар) аз ин беморӣ ҷон бохтаанд.
Дар Русия зарфи 24 соати сипаришуда боз 8554 нафар чун гирифтори нав ба COVID-19 сабт шудааст ва 391 нафар фавтидаанд, 8573 тани дигар шифо ёфтаву аз бемористонҳо ҷавоб шудаанд.
Дар Қирғизистон 224 сироятшудаи нав ба SARS-CoV-2 сабт шудаву шумори уммуии гирифторон аз аввали ҳамагирӣ ба 100 473 нафар расидааст, 1703 нафар (8 нафар шаби гузашта) фавтидаанд.
Дар Ӯзбекистон шабонарӯзи гузашта 251 мубталои нав сабт шудааст ва аксари онҳо дар вилоятҳои Тошканд, Самарқанд ва Хоразм ба қайд гирифта шудаанд. Аз аввали пандемия дар ин кишвар 96 368 нафар олудаи коронавирус шудаанд.