Давлати Байден дар ИМА гузоришҳои иқлимии таҳияшуда дар даврони Тромпро мунташир кард

Созмони муҳофизат аз муҳити зисти Амрико як гузориши умдаи тағйири иқлим, ки давлати қаблии Амрико таҳти сарварии президент Доналд Тромп аз соли 2017 монеъи интишораш шуда буд, чоп кард. Гузориши “Нишондодҳои тағйири иқлим” маълумоти ҷамъоваришуда аз тарафи даҳҳо созмонҳои давлатиро ба ҳам оварда ва хисороти омода аз тағйири иқлим то ба имрӯзро инъикос мекунад.

Созмони муҳофизат аз муҳити зисти Амрико дар ин гузориш бори аввал исбот мекард, ки гармоиши ҳокимшуда дар сайёра то ҳадде ба гуноҳи инсон рух додааст. Бештарин натиҷагириҳо аз қабл рушан буд: пиряхҳо дар ҳоли об шудан ҳастанд, оби дарёҳо дар ҳоло боло шудан ва шумори селҳо афзудаанд.

Ин гузориш мегӯяд, ки осори тағйири иқлим “ба таври муназзамтаре” дар Амрико эҳсос мешавад. Вебсайти Созмони муҳофизат аз муҳити зисти Амрико дар замони ҳукмронии Доналд Тромп аслан нав намешуд ва чизи тозае дар он пайдо намегашт. Трамп нақши инсон дар тағйири иқлимро нодида мегирифт ва ҳатто ба он бовар ҳам намекард.

Майкл Рейган-мудири Созмони муҳофизат аз муҳити зисти Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе гуфт: “Муқобила бо тағйири иқлим ихтиёрӣ нест, балки зарурӣ аст. Мо бетаъхир амал хоҳем кард, зеро медонем, ки оқибаташ чӣ буда метавонад. Мо медонем, ки буҳрони иқлимӣ беҳтарин фурсате аст, ки барои тақвияти иқтисоди худ дорем, то дубора барои мардум кор эҷод кунем ва муҳити солимтару одилонатар барои сокинони саросари Амрико шароит фарҳам орем”.

Ин гузориш мегӯяд, ки сел дар ноҳияҳои соҳилӣ акнун бештар рӯй медиҳад, бахусус дар шаҳрҳои соҳилҳои уқёнуси Атлас ва халиҷи Мексик. Сел дар шаҳрҳои ёдшуда назар ба  даҳаи 1950 акнун 5 маротиба бештар шудааст. Қабати яхи Қутби Шимол тунук мешавад ва ҳар тобистон майдонҳои он хурдтар мешавад, чун об шудани яхҳо бар асари гармоиш бештар аст.

Бар асоси ин гузориш мавҷҳои гармо акнун нисбат ба даҳаи солҳои 1960 аз назари фаровонӣ се баробар шудааст.

барчасп: