Дар шаҳри Кӯлоб ва деҳаҳои ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон, ки рӯзҳои 11-12-уми май аз сел зарар дида буданд, бо ҳамоҳангсозии Ситоби доимамалкунандаи фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо сокинон ва ширкати як қатор вазорату идораҳо корҳои бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ идома доранд.
Аз ҷумла, то 16-уми майи соли 2021 Ситоди фаврии КҲФ дар қаламрави шаҳри Кӯлоб 1638 хонаҳои аз сел осебдидаро аз назар гузаронид. Муайян шуд, ки аз ин миқдор 35 хона пурра хароб шудааст, 96 хона қисман, 786 қитъаи наздиҳавлигии сокинон ва 602 иншооти ёрирасон аз лойю лойоба пур шудааст.
Барои тоза кардани хонаҳо аз ҳар гуна селоварду лойқа ва ҳайвоноти мурда дар оғилу ҳавлиҳои сокинон 50 нафар хизматчиёни ҳарбии КҲФ ҷалб карда шудаанд. Имдодгарони КҲФ дар ин муддат оби ҷамъшуда дар таҳхонаҳои сокинонро берун кашидаанд.
Барои расонидани ёриҳои фаврии тиббӣ Ситоди фаврии КҲФ ва ҳукумати иҷроияи шаҳри Кӯлоб ба таври оҷил як нуқтаи хидрасонии тиббӣ боз карданд. Аҳолии зарардида бо оби нӯшокии тоза ва ғизо таъмин карда мешаванд.
Барои барқарор кардани ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои вайроншуда, тоза кардани таҳхонаи биноҳои истиқоматӣ, ҳавлиҳо, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, пулҳои харобшуда ва дигар василаҳои коммуникатсионӣ корҳо башиддат идома доранд.
Ҳукумати кишвар ба аҳолии шаҳри Кӯлоб кумаки амалии худро расонд. Бо мусоидати Кумита ва дастгирии як қатор созмонҳои хориҷӣ барои безараргардони оби нӯшокӣ хлор, барои одамон маводҳои антисептикӣ, ҳаббҳои безараргардонандаи хлор, кӯрпаҳо, зарфҳо ва маводи ғизоӣ
Дар қаламрави аз селҳо осебдидаи ноҳияи Восеъ 16-уми майи соли 2021 зиёда аз 100 метр селроҳа аз лойоба тоза карда шуд, хизматчиёни ҳарбӣ 5 хонаи истиқоматӣ ва 21 қитъаи наздиҳавлигии сокинонро пурра аз лойобаҳо тоза карданд.
Бо қарори Ситоди фаврии бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон бо дастури Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба деҳаҳои офатзадаи ноҳияи Восеъ чандин адад техникаи вазнин, аз ҷумла экскаваторҳо, белҳои механикӣ ва мошинҳои борбардор фиристода шуданд. 230 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни ҳарбии КҲФ ва вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори бартараф намудани оқибатҳои ин офати табиӣ сафарбар карда шудаанд. Барои барқарор намудани хонаҳои харобшуда регу сангрезаҳо оварда шуданд.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 адад шифер, 9000 тонна семент ва кумаки пулӣ барои хонаводаҳои зарардида ҷудо кард.
Ҳамчунин барои таъмиру тармими қитъаҳои роҳи мошингарди Душанбе – Восеъ - Кӯлоб 250 метри мукааб регу шағал ва 70 тонна семент ҷудо карда шудаву корҳои таъмир оғоз шудаанд.