Баргузории ҷаласаи Комиссяи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд​ таҳти роҳбарии муовини Раиси Комиссия-муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва ширкати аъзои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ҷаласаи Комиссияи ҳудудии ҳолатҳои фавқулоддаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар ҷаласа доир ба фаъолияти Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят дар давоми 3 моҳаи аввали соли 2021 дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, ҳолатҳои фавқулоддае, ки дар ҳудуди вилоят ба қайд гирифта шуда, рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ  маълумоти муфассал пешниҳод шуд. Дар рафти ҷаласа масъалаҳои вобаста ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, рафти корҳои бартарафсозии, захираҳои моддию молиявӣ, суғуртакунонии аҳолӣ дар минтақахои хавфнок ҷойгиршуда мавриди баррасӣ қарор шуд.

Ҳамзамон дар рафти​ ҷаласа муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ  изҳор дошт,​ ки аз ҷониби Комиссияи ҳудудии Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят дар мавриди ҳолатҳои фавқулодда тамоми корҳои пешгирикунанда андешида шуда истодааст ва зери назорати доимии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қарор дорад. Вай ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди дастгириҳои бевоситаашон дар самти​ ҳолатҳои фавқуллода изҳори сипос кард. 

 

Ш. Бутаева