COVID-19: Даҳҳо кишвари олам дар доираи барномаи байналмилалии COVAX соҳиби воксан шуданд

Даҳҳо кишвари олам тибқи барномаи байналмилалии COVAX соҳиби воксан зидди коронавирус шуданд. Аз ҷумла, чанд кишвари африқоӣ: Нигерия, Судон, Гана, Руандо, Ангола, Лесото, кишварҳои осиёӣ: Ҳиндустон, Комбоҷа аз ин зумраанд.  Кишварҳои фақире чун Молдова ва Колумбия низ ба ин воксан дастёбӣ пайдо карданд. Қарор аст тибқи ҳамин барнома ҳафтаи оянда боз 31 кишвари дигар соҳиби воксан шаванд.

Ширкати намояндагони Раёсати КҲФ дар Хатлон дар ҷаласаҳо ва ҳашарҳои дастаҷамъӣ

1 марти соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон ҷаласаҳои Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда  оғоз гардид. Мутахассисон ва намояндагони Раёсати КҲФ дар ҷаласаҳои шаҳру ноҳияҳои Левакант, Ҷ.Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ва Муъминобод иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласаҳои Комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда...

Се тифли паси дари бастамонда ба модарашон беосеб супурда шуданд

Субҳи имрӯз, 5-март дақиқан соати 07:18 як сокини кӯчаи Навбаҳори ноҳияи Синои пойтахт ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дари манзили истиқоматиаш  аз дарун маҳкам шудаву се тифли ноболиғаш дар хона мондаанд.

Баъди дарёфти хабар  соати 07:20 дақиқа...

Covid-19: Дар Шветсия теъдоди марг ба асари ин беморӣ дар шабонарӯзи гузашта дар қиёс ба як рӯзи пеш 13 нафар афзуд

Шабонарӯзи гузашта дар олам 164 ҳазору 748 нафар чун сироятшудаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуданд ва шумори гирифторон аз аввали ҳамагирӣ ба 116 миллиону 233 ҳазору 565 нафар расид. Дар 24 соати гузашта боз 5 ҳазору 13 нафар аз ин вируси маргзо ҳалок шуданд ва теъдоди ҷонбохтагон аз аввали ҳамагирӣ ба 2 миллиону 581 ҳазору 943 нафар расидааст. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод...

Фирори тимсоҳҳо аз як мазрааи парваришӣ дар Африқои Ҷанубӣ. Мақомот мегӯянд маълум нест чанд тимсоҳ фирор кардааст

Як гурӯҳи махсус аз пулис тимсоҳҳоеро ҷустуҷӯ доранд, ки ахиран аз мазраае воқеъ дар вилояти Капски Ғарбии Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ фирор кардаанд. Бино ба гузориши расмӣ дар айни замон 27 тимсоҳи фирорӣ пайдо ва ба макони будубоши қаблиашон баргардонида шудаанд. Аммо маълум нест, ки дар маҷмӯъ чанд ин гунаи хазанда фирор кардааст. Мақомоти ҳисоби дақиқи онҳоро намедонанд ва ин кори ҷустуҷӯро мушкил...

Страницы