Шумори гирифторон ба вируси корона дар олам ба 164 миллиону 523 ҳазору 894 нафар расидааст ва ҷонбохтагон 3 миллиону 412 ҳазору 032 нафар эълон шудааст.
ИМА ҳамоно дар сироят ба коронавирус дар ҷаҳон дар ҷойи аввал аст (33 миллион) ва бештар аз 588 ҳазор нафар аз ин вирус ҷон додаанд.
Ҳукумати марказии Ҳинд аз сарони иёлотҳо хост бемории занбурӯғии мукормикозро эпидемия эълон кунанд ва дар мубориза зидди он аз имкониятҳои бештар кор гиранд. Аммо мусибати дигар ҳам домангири ин кишвар аст. Ба дунболи афзоиши шумори гирифторони “қорчи сиёҳ” бемории дигар ҳам бо номи “қорчи сафед” ба қайд гиифта шудааст.
Туркия хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта бештар аз 10 ҳазор мубталои навро сабт кардааст.
Дар Эрон аз ошкор шудани боз 12 428 ҳодисаи сироят ба коронавирус хабар доданд. Шумори умумии мубталоён ба SARS-CoV-2 дар Ҷумҳурии исломии Эрон ба 2 804 632 расидааст ва аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар аз COVID-19 77 994 нафар ҷон бохтаанд.
То 20-уми май дар Италия аз коронавирус 124 810 нафар фавтидаанд.
Юнон аз сирояти боз 1918 нафар ба коронавирус хабар дод ва теъдоди гирифторон аз аввали ҳамагирӣ ба 385 444 нафар расидаву 11 641 тан ҷон бохтаанд.
Дар Русия шабонарӯзи сипаришуда 9232 ҳодисаи нави сироят ба КОВИД-19 сабт шудааст. Вазорати тандурустии ин кишвар гуфт, ки ҳодисаҳои нави сироят дар 84 минтақаи Русия ба қайд гирифта шудааст ва 14,4% гирифторон аломати сироят надоштанд.
Дар Қазоқистон шабонарӯзи гузашта 2433 ҳодисаи нави сироят ба КОВИД-19 сабт шудааст, дар Қирғизистон бошад то 21-уми майи соли 2011 101 580 нафар чун сироятшудагон ба вируси корона сабт шудаанд. Дар ин кишвар аз аввали ҳамагирӣ 1 729 нафар фавтидаанд.
Дар Ӯзбекистон то 21-уми майи соли 2021 97543 сироятшуда ба Covid-19 ба қайд гирифта шудааст ва шумори фавтидагон 676 нафарро ташкил додааст.