Идомаи корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ дар кишвар

Шабонарӯзи гузашта дар шаҳру ноҳияҳои аз офати табиӣ зарардидаи Кӯлоб, Восеъ, Вахш, Ҷомии вилояти Хатлон аз ҷониби Ситоди фаврии бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ корҳои зиёд анҷом дода шуданд.

Чунончӣ, дар кӯчаҳои С. Даминзода, Садиков, Хати Роҳ, Корвонгузар, Нонбои поён, Суғдиён, Чармгарони поён, Нурафшон, Чинор, Куҳнашаҳри шаҳри Кӯлоб бо иштироки хизматчиёни ҳарбӣ ва наҷотдиҳандагони КҲФ, ВКД бо истифода аз техникаи махсус лою олудаҳои дигари сел тоза карда шуданд, 15,5 км роҳи мошингард дар дохили шаҳр, 410 хонаи истиқоматӣ ва таҳхонаи сокинон, ҳамчунин қитъаҳои роҳи Кӯлоб-Ш.Шоҳин аз селовардҳо, лойқа ва сангу рех тоза карда шуданд. 

Барои пешгирӣ аз бемориҳои уфунӣ 450 хонаи истиқоматӣ ва маҳалли зисти одамон бо истифода аз 3600 литр маҳлули хлор поккорӣ шуд.

Ғайр аз ин бо ҷалби чор борбардор, 2 экскаватор, ду мошини боркаш  масофаи 10 км соҳили дарёҳои Тебалай, Девонасой ва Нураксой аз ҳар гуна селовардҳо тоза карда шуданд. 

Дар қаламрави деҳаи Навобод 4 ва 5 ҷамоати Ифтихори ноҳияи Ҷомӣ барои сохтани биноҳои истиқоматӣ ба офатзадагон корҳо идома доранд. 

Мутахассисони Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинон чоҳи об парма мекунанд. 

Хизматчиёни ҳарбии КҲФ ва Вазорати мудофие 22 хонаи истиқоматиро аз лойоба тоза карданд. 

Ҳамаи зарардидагон дар ноҳияҳои офатрасида бо се вақт ғизои гарм таъмин мебошанд.

барчасп: