COVID-19: Барои муолиҷа ба Москав омадани президенти Сурия такзиб шуд. Моҳи феврал дар шаҳри Москав 2340 аз коронавирус ҷон бохтанд

Сафири Сурия дар Русия иддиоҳо дар мавриди интиқоли Башор Асад ва ҳамсараш Асмо ба Москав ҷиҳати муолиҷа аз коронавирусро рад кард. Ахиран баъзе аз расонаҳои хабарии арабӣ навишта буданд, ки президенти Сурия бо ҳамсараш барои муолиҷа аз КОВИД-19 ба Москав интиқол ёфтаанд. Риёз Ҳаддод-сафири Сурия дар Москав ба хабаргузории Спутиник гуфтааст, ки Башор Асад ва ҳамсараш дар Сурияанд ва

Идомаи корҳои соҳилбандӣ дар минтақаҳои осебпазири Суғд

Шуъба ва бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, таъмини бехатарии аҳолӣ дар минтақаҳои хавфнок, чораҳои саривақтӣ меандешанд ва як қатор корҳои соҳилбандиву мустаҳкамкунӣ ва барқарорсозиро вусъат додаанд.

COVID-19: Аз эълони ҳамагирии ҷаҳонии коронавирус як сол сипарӣ шуд

Як сол пеш дар ҳамин рӯзҳо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи ҳамагирии коронавирус аввалин иттилоро пахш кард. Нахустин хабарҳо дар бораи касони мубтало ба бемории коронавирус дар Чин аз охири моҳи январи соли 2020 расонаӣ шуданд. Миёнаҳои моҳи феврал ин вирус ба Аврупо расид ва алакай дар охири моҳ аввалин локдаун дар Италияи Шимолӣ эълон гардида буд.

Ёди қурбониёни зилзила, сунамӣ ва фоҷеаи ҳастаӣ дар Ҷопон. Ин фоҷеа 10 сол пеш рух дода буд

Ҷопон ёди қурбониёни зилзила, сунамӣ ва фоҷеаи ҳастаии  Фукасиморо дар даҳумин солгарди  ин фоҷеа гиромӣ медорад. Даҳ сол пеш дар ҳамин рӯз, яъне 11 март зилзилаи шадид бо қувваи 9 балл тибқи ҷадвали Рихтер Ҷопонро ларзонд, ки ин мудҳиштарин ва пурқудраттарин зилзила дар таърихи ин кишвар дониста шудааст. Ба дунболи такони шадиди замин шаҳрҳои ба соҳили обҳои шарқии Ҷопон наздикро мавҷи азими сунамӣ фаро гирифт.

Муовинони тозатаъини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муаррифӣ шуданд

10-уми марти соли 2021 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонишини аввал ва муовинони Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаҳои худ барканор шуданд. Ба вазифаи муовини аввал ва муовинони Раиси Кумита полковник Латифзода Ҳотамшо, полковникҳо Исозода Сулаймон ва Иброҳимзода Эмомалӣ таъин шуданд.

Страницы