Вохуриҳо бо аҳолии Норак ва Файзобод

Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни тамоми қишри аҳолии кишвар мунтазам чорабиниҳо баргузор мекунанд.

Бо ин мақсад кормандони  Кумита бо аҳолии  шаҳри Норак ва дар маркази ноҳияи Файзобод корҳои фаҳмондадиҳиро ташкил ва баргузор намуданд.

“Бонувони Тоҷикистон”. Оҷилият аз лаҳзаи аввал

Сумангул Бердова тайи 20 сол аст, ки ба ҳайси навбатдори қисми навбатдории раёсати Хадамоти таъйиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ - наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа менамояд. Дар таҷрибаи хеш зиёд ҳодисаҳоро дидаву шунидааст ва хуб медонад, ки дар фаъолияти ӯ оҷилият дар садри аввал қарор дорад.

Хабарҳои имрӯз. Аз ғарқи об шудани як пиразани 71-сола то навраси 12-сола. Ба осебдидагони зилзилаи Тоҷикобод кумак расид

Рузи 22-уми августи соли равон тахминан соати 18:35 дақиқа як навраси 12-сола аз беэҳтиётӣ дар дарёи Душанбе ғарқ шудааст.  Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ то зуҳри дирӯз, якшанбе, 23 август идома дошт. Билохира, Дастаи махсуси зудамалӣ наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  дар шаҳри Душанбе ӯро дар мавзеъи кули “Ҷавонон” пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурд.
Шоми рӯи якшанбе, 23-уми августи соли 2020

Дар ИМА ба равиши нави муолиҷаи беморони КОВИД-19 иҷозат дода шуд

Муассисаи ғизо ва доруи федероли Амрико (FDA ) як равиши нави дармон барои бемории КОВИД-19-ро иҷозат додааст ва мегӯяд суди он барои беморон бештар аз зарарҳои эҳтимолии он аст. Дар ин равиши дармонӣ аз плазмаи хуни касоне истифода мешавад, ки пештар ба ин беморӣ мубтало шудаандИн тасмим як рӯз пеш аз гирдиҳамоии бузурги ҷумҳурихоҳон эълом шудааст.  

Мо дар “Ҷумҳурият”. Наҷотбахш

“Фармондеҳи даста Шуҳрат Сафаров, ки аз наҷотбахшони бомаҳорат аст, дар ҷумҳуриҳои Белоруссия, Қазоқистон, Чин ва Қирғизистон низ такмили ихтисос ва бозомӯзӣ намуда, соҳиби даҳҳо сертификат ва медалу ифтихорнома мебошад. Дар дохили ҷумҳурӣ бошад ӯ ва дигар ғаввосон дар обанбори «Норак» ва «Баҳри тоҷик» таҷриба омӯхта, соҳиби сертификат мешаванд. Феълан ғаввосони даста то чуқурии 27 метр  иҷозатнома доранд.

Страницы