Бархӯрди ду мошин дар ноҳияи Ғафуров. Як ронанда маҷрӯҳ шуд

Нимишабии 28-уми майи соли 2021 ба навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар расид, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, деҳаи Сартуқай, мавзеъи пули Дӯстӣ садамаи нақлиётӣ рух додааст.

Як мошини тамғаи Хундай-Портер, ки аз ҷониби як ронандаи 58-сола, сокини маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд идора мешуд, ба як мошини тамғаи Nexsia, ки онро сокини 38-солаи шаҳри Душанбе идора мекард, бархурдааст. 

Дастдаи имдодгарони зудамали Раёсат ба ҷойи ҳодиса расида, ронандаи мошини Nexsia-ро, ки маҷрӯҳ шуда буд, аз дохили мошинаш берун овраданд ва фавран ба бемористон интиқол доданд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои садамаро муайня мекунанд. Садама талафоти ҷонӣ надошт.

 

барчасп: