Идомаи корҳои таблиғотӣ барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус

Яке аз роҳҳои асосии коҳиши хатари сироят ба коронавирус КОВИД-19 таҳкими чорабиниҳои пешгирикунанда ва ба мардум равонидани воқеъият дар бораи ин вируси марговар аст. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран миёни ҷамъи омӯзгорон ва дониҷӯёни муассисаҳои таълимоти умумии пойтахт, ноҳияҳои Варзоб...

Роҳандозии корҳои уфунатзудоӣ дар вилояти Суғд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус ва баланд бардоштани сатҳои чорабиниҳои пешигирикунанда дар ин самт дар саросари кишвар тадбирҳои маҷмуъӣ роҳандозӣ мекунад.

Хабарҳои ин соат: Ҷасадҳои пайдошуда аз обҳо. Рамзияи шашсоларо ҳам ёфтанд. Ҷустуҷӯи ронандаи Мерседес идома дорад

Дирӯз, 20 уми август ғаввосону наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се ҷасадро дар обҳои кишвар пайдо ва ба мақомоти марбута супурданд. Духтарчаи шашсоле, ки модараш ба дарё афканда буд, низ пайдо ва ҷанозааш ба хок супурда шуд. Аммо ронандаи Мерседес ҳамоно нопайдост.

Кумак ба яке аз қисмҳои ҳарбии Кумита

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 26-умин солгарди таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи воҳидҳои сохтории  КҲФ чорабиниву мулоқотҳои мухталиф баргузор карда шуданд. Дар ин нишастҳо ба сарбозони навдаъват дар бораи таърихи ташаккули КҲФ нақл ва оид ба 26 соли фаъолияти он маълумот дода шуд.

Мерседес Бенс”- и ғарқшуда пайдо шуд. Дар ин фоҷеа ду нафар ҷон бохтанд. Ҷасади шахси номаълуме ҳам пайдо шудааст. Шарҳи расмӣ

Мошини тамғаи “Мерседес Бенс”, ки рӯзи 18-уми август ба дарёи Варзоб сарозер шуда буд, баъди ҷустуҷӯҳои зиёд дирӯз, бегоҳии 19-уми августи соли равон, соати 19:10 дақиқа пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд. Ғаввосони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мошинро дар умқи дарё пайдо карданд ва бо василаи техникаи махсус аз об берун оварданд.  

Бар асари ин ҳодиса ду нафар ҷони худро аз даст доданд. Инҳо:

Страницы