Бисту як тармаву 9 сели як шабонарӯз дар қаламрави ВМКБ
Чоп шуд: 29/03/2021 | redaktor
Шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи боришҳои шадид дар қаламрави ВМКБ 21 ҳодисаи лағзиши тарма, 9 сел ва 4 резиши санг ба қайд гирифта шуд. Чунончӣ, 28 – уми март дар қаламрави ноҳияҳои Ванҷ, Роштқалъа, Шуғнон, Рушон, Ишкошим ва Мурғоб ҳодисаҳои лағзиши тарма, омадани сел ва резиши сангу рег сабт шуд, ки дар натиҷа роҳҳои мошингард дар қитъаҳои гуногун муваққатан баста шуданд.