Таҷрибаомӯзон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Шаш нафар донишҷӯёни ихтисоси “Системаи копютерӣ ва технологияи интернет”-и Литсеи касбии алоқаи шаҳри Душанбе барои таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ ба Кумитаи ҳолатҳои фавҷқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.

Ин донишҷӯён барои омӯзиш ба Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумита фиристода шуданд, ки тӯли як моҳи оянда кори Рақами ягонаи наҷот “112”, тартиб додани асноди ҳолатҳои фавқулоддаи бавуҷудмеомада, роҳу усулҳои хабардоркунии аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода, шиносоӣ бо барномаҳои вижаи компютерӣ дар самти ҳолатҳои фавқулода ва истифодаи онро меомӯзанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як ниҳоди наҷот нест, балки як мактаби хуби омӯзиш аст. Дар гузашта низ як идда донишомӯзон аз ҷумлаи таҷрибаомӯзон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда буданд ва баъди ошноӣ бо шароити кору роҳу шеваҳои пешрафтаи корҳои наҷот хоҳиши дар Кумита кор кардан пайдо карданд. Зумрае аз онҳо баъдан ба хидмат қабул шуда, ҳоло дар ин ниҳод бо муваффақият фаъолият ҳам доранд.

барчасп: