Озмуни ҳарбӣ-варзишӣ баргузор шуд

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҳарбӣ-варзишии ҷудо ва васлкунии босуръати автомати Калашников ва туфангчаи Макаров баргузор шуд. Дар ин озмун 37 нафар кормандони дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои наҷот ва қисмҳои ҳарбии Кумита ширкат намуданд.

Инҳо дар бахши ҷудо ва васлкунии босуръати автомати Калашников ғолиб дониста шуданд: 

Ҷойи аввал: подполковник Мирмаҳмадзода М.-сардори Шуъбаи Раёсати қушунҳои КҲФ;

Ҷойи дувум: лейтенант Саидов И.афсари қисми ҳарбии КҲФ;

Ҷойи сеюм: майор Девлохчиев А. – ҷонишини сардори воҳиди наҷоти КҲФ дар шаҳри Душанбе.

Дар муобиқаи ҷудо ва васл кардани туфангчаи Макаров ин се нафар се ҷойи аввалро соҳиб шуданд: лейтненанти калон Дустов Б., афсари яке аз қисмҳои ҳарбии КҲФ, лейтенанти калон Завқиев Б. – афсари Раёсати қушунҳои КҲФ ва капитан Саидов Д. – афсари Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии КҲФ.

барчасп: