5 июни соли 2021 бо мақсади татбиқи дастурҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушд ва тарғиби варзиш, тарзи ҳаёти солим кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар боғи ба номи Алишер Навоии шаҳр сайругашти дастаҷамъона бо роҳи махсус - терренкуру гузарониданд, ки онро "пайроҳаи саломатӣ" низ меноманд.
Терренкур лафзи фаронсавии terrain — ҷой, макон ва cours — роҳи саломатӣ буда, як шеваи «озоди» сайругашт, роҳпаймоии дастаҷамъӣ ё ба танҳоӣ мебошад, ки тобовариро рушд медиҳад кори системаи дилу рагҳо ва роҳҳои нафаскаширо беҳтар мекунад, табодули модаҳоро дар бадан ба низом медарорад.
Дар ин сайругашти субҳгоҳӣ беш аз 100 нафар кормандони дастгоҳи марказии Кумита ширкат карданд ва қарор аст ин тадбир дар оянда низ мунтазам амалӣ гардад.