Рӯзи назофат бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити атроф

Ба муносибати рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити атроф хизматчиёни ҳарбии яке аз қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ шанбегӣ гузарониданд.

Онҳо қаламрави қисми ҳарбӣ ва минтақаҳои атрофи онро аз ҳар гуна нопокиҳо пок карданд, соҳилҳои иншоотҳои обиро  тоза карданд.  

Ин чорабинӣ бо мақсади ҳифзи муҳити атроф ва муносибати эҳтиёткороон ба табиат роҳандозӣ шуд.

барчасп: