Бозёфтҳои таърихӣ аз як кӯҳи яхӣ, ки аз тағйири иқлим яхи он об шуд

Бар асари тағйири иқлим дар парки милии Ютунхеймени Норвегия кӯҳи яхӣ батадриҷ об шуд ва пеши назари ковишгарон ҳаддиақал 68 пайкони қадимӣ намудор гашт. Қадимитарин бозёфтҳо ба солҳои 4100 то солшумории мо  ва навтаринашон 1300 сол то милоди Масеҳ мансубанд, - гуфта шудааст дар хулосаи пажӯҳиши донишмандон аз Кембриҷ, Осло ва Берген, ки онро маҷаллаи The Holocene интишор додааст.

Хабарҳои як шабонарӯзи гузашта: Сӯхтор дар кӯдакистони шаҳри Бохтар. Зарари як сангпора ба ҳавлии сокини ноҳияи Айнӣ. Боз кардани дари баста дар Душанбе

25-уми ноябри соли 2020 тақрибан соатҳои 07:20 дақиқа, дар бинои Кудакистони №2-и шаҳри Бохтар сӯхтор ба амал омад. Баъди гирифтани хабари фаврӣ дастаи махсуи зудамали наҷоти бахши Раёсат дар шаҳри Бохтар, дар ҳайати 16-нафар ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, якҷо бо хадамоти оташнишонии шаҳри Бохтар, барои хомӯш намудани алангаи оташ ва кӯчонидани молу амволи Кӯдакистони мазкур мусоидат намудан.

Ҷаласаҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияҳо дар ҷараёнанд

Дар қаламрави кишвар ҷамъбасти натиҷаҳои кори Комиссияҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятии ҳолатҳои фавқулодда идома доранд, ки дар онҳо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Чунончӣ, дар ду ноҳияи пойтахт - Фирдавсӣ ва Исмоили

Боздиди сарвари тозатаъини намояндагии Швейтсария оид ба ҳамкориҳо аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҳайати Дафтари намояндагии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳбарии директори нави он хонум Саломе Штейб ба ҳузур пазируфт.

Сарвари идораи наҷоти кишвар Сардори Дафтари

COVID-19: Шумори гирифторон дар олам аз 60 миллион гузашт. Ӯзбекистон гуфт, ки ба санҷиши тестии воксани чинӣ бар зидди коронавирус оғоз кардааст

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро  60 миллиону 108 ҳазору 193 нафар эълон кард. Аз ин вирус то кунун 1 миллиону  414 ҳазору 925 нафар ҷон бохтаанд. Шабонарӯзи гузашта дар олам боз 180 ҳазору 475 нафар мубталоёни нав сабт шуданд ва 5 ҳазору 106 нафар фавтидаанд. Имрӯз дар бемористонҳои кулли кишварҳои дунё 103 ҳазору...

Страницы