Теъдоди умумии гирифторон ба коронавирус дар олам субҳи имрӯз 172 миллиону 430 ҳазору 557 нафар эълон шуд. Шабонарӯзи гузашта боз 229 ҳазору 059 нафар мубталоёни нав сабт шуданд. Дар як шабонарӯз 9 763 нафар фавтиданд ва теъдоди ҷонбохтагон аз аввали ҳамагирӣ ба 3 миллиону 706 ҳазору 682 нафар расид. 155 миллиону 294 ҳазору 393 нафар пурра муолиҷа шудаанд. Дар беморхонаҳои олам ҳоло 90 ҳазору 168 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки ҳамоно ИМА, Ҳинд ва Бразилия дар сегонаи аввали кишварҳое қарор доранд, ки гирифторони бештар доранд.
Шабонарӯзи гузашта дар Швейтсария 717 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуд ва шумори умумии мубталоён ба COVID-19 ба 696 213 расид.
Дар Русия зарфи 24 соати охир 8832 сироятшудаи навро ба қайд гирифтанд ва 294 нафар аз ин беморӣ фавтиданд. Шумори муолиҷашудагон аз КОВИД-19 ба 4 702 599 нафар расидааст.
То 3 – уми июни соли равон дар Қазоқистон 388 991 ҳодисаи гирифторӣ ба Covid-19 сабт шудааст ва аз ин вирус то кунун 3 974 нафар ҷон бохтаанд.
Шумори гирифторон ба коронавирус дар дар Қирғизистон ба 105 469 ва дар Узбекистон ба 100 726 нафар расидааст. Дар Қирғизистон аз ин беморӣ 1 821 нафар ва дар Узбекистон 691 нафар фавтидаанд.
Дар Русия воксане дар ҳоли омӯзиш қарор дорад, ки қодир хоҳад буд зидди ҳамаи гунаҳову мутатсияҳои коронавирус имунитет ҳосил кунад.