Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз фаро расидани гармои шадид ҳушдор медиҳад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон ҳавои хушку гарм дар пеш аст. Дамои ҳаво 37 + 42 ва дар водиҳо ба 42+45 дараҷа мерасад. Ҳавои ноҳияҳои кӯҳӣ то ба 36 дараҷа гарм хоҳад шуд.

5-7 – уми июн дар баъзе ноҳияҳо шиддати шамол ба 15-20 метр дар як сония мерасад ва хокбориш дар назар дошта шудааст.

Аз сабаби гармии ҳаво интизор меравад барфҳо дар кӯҳҳо об шаванд ва ин  метавонад сабабгори болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо гардад ва боиси омадани сел низ дар маҳалҳои ҷудогонаи кӯҳӣ ва наздикӯҳии ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва навоҳии ғарбии ВМБК шавад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳоии фавқулодда бо мақсади таъмини бехатариву амният тавсия медиҳад:  

 

  • тӯли рӯз тирезаҳои хонаатонро пӯшида нигоҳ доред, бахусус агар онҳо рӯ ба офтоб боз мешаванд. Шабонгаҳон, вақте ҳарорати ҳаво дар кӯча поин аст, метавонед тирезаҳоро боз монед, албатта агар ин бехатар бошад;
  • ҳаногоми тоза кардани ҳавои манзил дар рӯзҳо ва шабҳои гарм кӯдаконро дар хона тани танҳо нагузоред;
  • як обпоши одӣ харед ва ҳангоми гармӣ аз вақт ба вақти дигар манзил ва атрофро об пошед;
  • агар дар хона ҳавополо доред, пас талош накунед ҳароратро аз +22 +23 дараҷа паст намоед. Маъмулан ҳама гуна касалиҳои вобаста ба сармохӯрдагӣ дар тобистон бар асари нодуруст истифода шудан аз дастгоҳҳои сардсозии ҳаво дар хона ва сӯистифода аз нӯшокиҳои сард ва яхмосҳо ба вуҷуд меоянд;  
  • нагузоред, ки ҳарорати баданатон хеле гарм шавад, бештар об нӯшед. Баданатонро бо оби сард пок кунед, вориди душ шавед, аз саратон об резед, пойҳоятонро муддатҳо дар оби сард нигоҳ доред;
  • аз нурҳои мустақими офтоб дурӣ ҷӯед ва талош кунед ҳамеша дар соя бошед, то имкон доред, дар айёми гарми рӯз, аз соати 11 то 16 бе зарурат ба кӯча набароед. Бахусус, тавсия намешавад, ки шумо дар ин соатҳо бо кӯдакон гардиш кунед. Аз корҳои ҷисмонии вазнин низ парҳез кунед;
  • дар тан либосҳо аз матоъҳои табиӣ дошта бошед, дар сар кулоҳи калони соядор, айнакҳои ҳимоя аз нури офтоб ва чатр гиред;
  • бештар об нӯшед, мева истеъмол намоед ва меваҳо дорандагони аслии ҳар гуна витаминҳои ва намакҳои минералӣ мебошанд. Хуб мешавад, ки оби ҷӯшонида ва муносиб ба ҳарорати хона истеъмол кунед ва ё обҳои бегази минералӣ нушед. Бубинед, ки об зиёд сард набошад, зеро ин муҷиби сироят ба бемориҳои гулӯ шуда метавонад ва бар асари он сироятпазирии бадан паст мешавад. Аз нӯшидани обҳои ширин ва газдор, ҳамчунин шароб парҳез намоед;
  • бачаҳоро дар воситаҳои нақлиёт нигоҳ надоред. Пеш аз он ки ба мошине нишинед, ки дар офтоб истодааст, дару даричаҳои онро аввал боз кунед ва аз рӯи имкон ҳавополои онро фаъол намоед;
  • шахси гармозадаро зуд дар соя хобонед, дар ҷое, ки шамолрас бошад; ӯро маҷбур созед, ки қатра-қатра об нӯшад, баданашро бо матоъи намдор тоза кунед. Баъзан лозим меояд нафаси сунъӣ диҳанд ва ё маҳси дил;
  • ва бахусус ҳангоми истироҳат ва оббозӣ хеле бояд эҳтиёт кард, қоидаҳои ҳузур дар махзанҳои об: соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, обанборҳоро риоя намоед.  
  •  

Ҳамзамон бо ин бо мақсади пешгирӣ аз хатари сел аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад пайваста селроҳаҳо, каналу ҷӯйборҳои назди манзили истиқоматии худро аз ҳар гуна партову хасрӯбаҳо тоза кунанд.

Аз сокинон хоҳиш карда мешавад ҳамеша ба хабарҳои расмӣ, ки аз тариқи КҲФ, ВКД ва Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ироа мешаванд, таваҷҷуҳ кунанд.

барчасп: