Дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозии соли 2021, инчунин баҳри пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар обанбори «Баҳри тоҷик» ва обутобгоҳҳои шаҳри Гулистон аз тарафи бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон дар минтақаҳое, ки бештари сокинон ва меҳмонон ҷамъ мешаванд, лавҳаҳо бо навиштаҷоти қоидаҳои оббозӣ ва лавҳаҳо бо навиштаҷоти манъи оббозӣ дар ҳудуди обутобгоҳҳо ва минтақаҳои хатарноки обанбори «Баҳри тоҷик» насб карда шуд.
Дар баробари насби иттилоот аз ҷониби гурӯҳи кории Бахш бо истироҳаткунандагони мавзеъҳои истироҳатӣ ва фароғатӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотии пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар ҳудуди обутобгоҳҳо ва обанбори «Баҳри тоҷик» ба роҳ монда шуд.