Шумори гирифторон ба коронавирус дар олам ба 172 миллиону 910 ҳазору 966 нафар ва ҷонбохтагон ба 3 миллиону 717 ҳазору 320 нафар расидааст. Аз ин беморӣ то кунун 155 миллиону 838 ҳазору 176 нафар пурра муолиҷа шудаанд.
Кишварҳое, ки шумори бештари сироятшудагон ба КОВИД-19 доранд:
ИМА — 34 169 980
Ҳинд — 28 572 359
Бразилия — 16 803 472
Фаронса — 5 694 076
Туркия — 5 270 299
Русия — 5 099 182.
Ҳарчанд вақтҳои охир аз коҳиши сатҳи сирояти шабонарӯзӣ дар олам хабар дода мешавад, вале густариши гунаҳои гуногуни он, бахусус штамми ҳиндуии SARS-CoV-2 олмиёнро нигарон кардааст. Дра ин бора Директори Бюрои аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Ҳанс Клюге дар суҳбат бо хабарнигори ТААС изҳори назар кардааст.
ИМА ва Ҳинд ҳамоно дар шумори сироятёфтагон ба коронавирус дар ҷаҳон пешсафанд.
Як ҳайат аз донишмандони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Русия воксани русии "Спутникро меомӯзанд.
Дар Британияи Кабир бештар аз ниме аз аҳолии калонсол зидди коронавирус эм карда шуданд.
Африқо дар остонаи мавҷи сеюми коронавирус қарор гирифтааст. Оморҳо баёнгари онанд, ки сирояти шабонарӯзӣ дар ин қитъаи олам дар қиёс ба ҳамин рӯзҳои соли гузашта 20 дарсад боло рафтааст.
Ҳукумати Миср кулли тафреҳгоҳҳо дар Баҳри Сурхро зидди коронавирус эм кард.
Вазорати беҳдошти Эрон хабар дод, ки то ба имрӯз аз уфунати коронавирус 80 488 нафар фавтиданд ва теъдоди ҷонбохтагони 24 соати охир 161 нафар буд.
Вазорати тандурустии Белорусия истифодаи воксани тавлиди Русия «Спутник Лайт»-ро иҷозат дод.
Дар Русия 3-уми июн 8 933 нафар мубталои нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд ва 393 нафар аз ин беморӣ фавтиданд.
То 4-уми июн дар Қазоқистон 390 376 ва дар Қирғизистон 105 840 нафар ба Covid-19 сироят шуданд.
Теъдоди мубталоён дар Узбекистон субҳи имрӯз 100 997 нафар эълон шуд.
Аз 23-уми март соли равон то ба имрӯз беш аз 80 ҳазор нафар дар Тоҷикистон зидди COVID-19 эм карда шуданд. Дар айни замон сокинон бо воксани AstraZeneca эм карда мешаванд.