Миёни ду ниҳоди мубориза бо офатҳои Тоҷикистон ва Покистон Созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд (ВИДЕО)

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Имрон Хон маросими имзои 12 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид.

Зери “Эъломияи муштарак дар бораи иқдомҳои баъдӣ ҷиҳати сохтани шарокати стратегӣ барои ҳамбастагии минтақавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон имзо гузоштанд.

Сипас, дар ҳузури сарони давлатҳо як силсила санадҳои ҳамкорӣ имзо шуд, ки яке аз он Созишнома байни Ҳукумаги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда буд.

Созишномаро Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Раиси мақомоти милииидораи офтаҳои табиииҶумҳурии Исломии Покистон генерал-лейтенан Ахтар Навоз имзо карданд.

Созишнома доираи васеи ҳамкориҳои ду кишвар дар самти пешгирии офатҳои табиӣ, инчунин масъалаҳои кӯмак дар рафъи оқибатҳои онҳоро пешбинӣ мекунад.

Он инчунин имкон медиҳад, ки тартиби вокуниши муштараки ду давлат ба ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла тавассути гузаштани расмиёти гумрукӣ ва сарҳадӣ ҳарчи зудтар сода карда шавад.

барчасп: