Сентябр. Мактаб. Хонанда. КОВИД-19. Олам дар талоши илм. Аммо ҳар кишвар бо як низоме

Моҳи августи соли ҷорӣ дар Ҳинд қариб 2 миллион нафар мубталоён ба коронавирус ба қайд гирифта шуданд ва мақомоти ин кишвар мегӯянд ин болотарин нишондиҳанда аз замони оғози ин беморӣ буд. Бино ба иттилои Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА дар олам 25,5 миллион нафар ба КОВИД-19 суроят шудаанд ва бештар аз 850 ҳазор нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Вазхорати тандурустии Тоҷикистон хабар дода,

Ноҳияи Хуросон: дар кутоҳтарин фурсат шаҳраки замонавӣ барои осебдидагон ба истифода дода шуд

1 сентябри соли 2020 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон шаҳраки тозабунёди муосире, ки барои сокинони осебдида дар сели моҳи майи соли равон сохта шуда буд, ифтитоҳ намуд. Дар маросими ба истифода додани шаҳрак Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода,

Ноҳияи Айнӣ: Ҷасади як нафар аз чор тан аъзои як оила, ки дар Фондарё ғарқ шуда буданд, пайдо шуд. Ҷустуҷӯи дигарон идома дорад

Аз ин рӯйдоди мудҳиш хабар дода будем. Субҳи рӯзи 14-уми августи соли равон 4 узви як хонавода аз деҳаи Машхевади ноҳияи Айнӣ, ки бо заврақи худсохт мехостанд дарёро убур кунанд, ғарқ шуданд. То кунун ҳама талошҳо барои пайдо кардани ҷасади онҳо бенатиҷа наҷом шуда буд.
Мудҳиштарин фоҷеаи рӯз. Ҳалокати як хонаводаи чорнафара дар Айнӣ

КОВИД-19: Тавсияҳо ба волидон барои фарзандонашон. Силсилаи матолиби дигар дар ин бора

Бо мақсади пешгирӣ аз густариши вируси корона КОВИД-19 миёни хонандагони мактабҳо ва кӯдакистонҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи волидон як қатор тавсияҳоро пешкаш мекунад. КҲФ ба падарону модарон ёдовар мешавад, ки хатари сироят ба коронавирус ҳамоно таҳдид мекунад ва онҳо набояд бепарво бошанд.

Омӯзиши қоидаҳои беҳдоштӣ ба беш аз 400 кӯдакону наврасон дар шаҳрҳи Душанбе, Шаҳринав ва Турсунзода

Бо мақсади пешгирии таҳдиди паҳн гардидани коронавирус КОВИД-19  ва таъмини ҳолати беҳдоштӣ дар боғчаҳои бачагона, мактабҳои миёнаи шаҳрҳои Душанбе, Шаҳринав ва Турсунзода аз тарафи кормандони идораи наҷоти кишвар корҳои таблиғотӣ бо истифода аз техникаи махсуси КҲФ баргузор шуд.

Дар ин дидору мулоқотҳо кормандони Кумита...

Страницы